Дар ҳама давру замон матбуот дар тарғиби ҳадафҳои сиёсии давлат, саҳми беандоза гузошта, имрӯз низ  ин равандро идома дода истодааст. “Публисист, журналист, бидуни сиёсат буда наметавонад, зеро ақоид худ зери таъсири сиёсат ва пиёданамоии аҳдофи хеш дар шаклҳои гуногуни эҷодӣ ба омма таъсир мерасонад”[1, 275с.]. Тавре медонем “дар оғози асри 20 ба миён омадани имконияти чопи рӯзномаи тоҷикӣ ба таҳаввули журналистикаи тоҷик роҳ кушод” [2 33с.]. Рӯзномаи “Бухорои Шариф” буд, ки пояи асосии матбуоти  тоҷикро гузошта, сиёсати тоҷиконаро инъикос намуда ва то имрӯз матбуоти маҳал низ сиёсати мазкурро идома дода истодааст. Муҳаққиқи соҳа И.Усмонов дар китоби “Журналистика” қисми 1-ум бобати инъикоси масъалаҳои ватанпараварӣ чунин андеша баён намудааст: “Матбуоти имрӯзаи Тоҷикистон мисли тамоми матбуоти сермиллати советӣ ба пояҳои баланди тараққиёти худ баромадааст ва ҳамчун ёрдамчии содиқи партия барои амалӣ намудани идеалҳои олии коммунизм, барои сохтмони ҷамъияти олии коммунистӣ мубориза мебарад” [2,115]. Матбуот новобаста аз шакли фаъолияташ муваззаф аст, ки барои андешаи ватанпарварӣ дар ин ё он давру замон  ба халқ  хидмат кунад.  Мо дар мақолаи худ мавзӯи ватанпарвариро ҳафтаномаи “Набзи Бохтар” мавриди таҳлил қарор додем. Барои мисол ҳафтаномаи мазкур дар шумораи  “№19 (30 29) аз  18-уми май соли 2018  гузориши муфассалро чоп намудааст, ки зери рубрикаи “Тантанаи ваҳдату ҳамдилӣ” дар гузориши мазкур муаллиф оид ба меҳмоннавозӣ ва даъват намудани меҳмонон ба якдилӣ фикри худро баён намудааст. Муаллиф меҳмон навозиро омили асосии сулҳу субот дар кишвар дониста, минтақаҳои Тоҷикистонро ба ҳамдилӣ даъват кардааст. Аз забони иштирокчиёни ҳамоиш таассуроташонро дар мавод чунин овардааст: “Меҳмонон ба маҳорат ва истеъдоди ҳунармандон баҳои баланд дода, барои боз ҳам густариш додани ҳунару ҳунармандӣ  мубодилаи афкор намуданд.-Дили маро бештар намоиши намунаи хонаҳои маҳаллӣ тасхир кард. Дар назди ҳар як хона тасаввур мекунӣ, ки дар хонаи раштӣ, суғдӣ ва ё дар ягон қишлоқӣ туркманиӣ. Махсусан ба ман рақсидан бо лақайдухтар писанд омад, иброз дошт ҷавондухтари бадахшӣ бо номи Гуландом” [3].  Ин мавзӯъ дар аксар шумораҳои ин нашрия дида мешавад ва бо жанрҳои гуногун инъикос гардида, аз гузориши муфассал то ба фоторепортаж низ чоп мешаванд. Дар  баробари ин дар шумораи мазкури ҳафтанома  як матлаби ҷолибе чоп гардидааст, ки далел  аз соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад. “Муқаддасот баъди 25 сол ба ватан баргашт”  ном дошта муаллиф аз забони Саломиддин Мирзораҳматов нақл мекунад, ки ба воситаи шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” бо Рамзия Мерзликина шинос гардида, туфайли ин ошноӣ аксҳои зарбдори водии Вахш ва сохтмону обёрии водии Вахш, ки аксҳои таърихӣ маҳсуб мешуданд, ба воситаи ҷияни Р.Мерзликина- Венера Мерзликина баргардонида шуданд. “Он ҳама аксҳо ва 6 албоме, ки Рамзия Мерзликина онҳоро муқаддасоти ҳаёти хеш медонад, моҳи апрели соли 2018 ба фонди нигораҳои таърихии осорхонаи таърихӣ– кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи “Авесто” супорида шудаанд” [5]. Дар идомаи мавод муаллиф инчунин дар миннатдории директори осорхонаи мазкур Гулистон Пираковаро чунин овардааст: “Пиракова дар маросими қабули нигораҳо ба С. Мирзораҳматов ва Рамзия Мерзликина барои ин туҳфаҳо изҳори сипос намуда  таъкид кард, ки  ин намунаи беҳтарини  ватандӯстӣ ва садоқат ба Тоҷикистон аст” [5]. Дар мавод муаллиф бобати ватандӯстӣ, нагаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва шукргузорӣ намудан  аз ваҳдати миллӣ ҳарф задааст. Масалан:  “Мо бояд аз хурд то бузург афкори ҷавононро тавре таъғйир  диҳем, ки  онҳо дар ҷомеа қудрату тавоноии ватандорию ватандӯстии худро бештар ҳис намоянд” [7]. Дар ҳар як шумораи “Набзи Бохтар” нест маводе ки ба ватандӯстӣ алоқаманд набошад. Масалан, дар  шумораи №4 (3014) аз 26-уми январи соли 2018  таҳти унвони “Шогирдони донишманду ватандӯст  тарбия намоем”,  ва дар шумораи №3 (3013) аз 17-уми январи соли 2018 мақолаи “Хонандагонро  дар руҳияи зебоипарастӣ тарбия намоем”, ба гурӯҳи ҳамин матолиб дохил мешаванд. Дар ҳамин шумора матлаберо бо номи “Инъикоси паёмадҳои Иҷлосияи тақдирсоз дар рӯзномаи “Набзи Қӯрғонтеппа” таҳлил намудем, ки нақши нашрияро дар таҳкими истиқлолияти Тоҷикистони навин муаррифӣ намудааст. Лозим ба таъкид аст, ки мубаллиғи асосии сиёсати ҳама давру замон ин ҷорчиҳо ва  ВАО ба ҳисоб мераванд. Аз ин ҷост, ки “Набзи Бохтар” (Набзи Қӯрғонтеппа) аввалин нашрияест, ки барои инъикоси навгониҳои давр  солҳои 1993-1999  ва  то ба имрӯз дар мавзӯъҳои ватандӯстӣ  навишта истодааст. Муаллиф Акбар Ниёзов, омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав, қайд менамояд, ки ин ҳафтавор корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмонро дар матлаб возеҳ баён кардааст. Махсусан, меҳанпарварӣ, инсондӯстии Пешворо дар ҳар шумораи он баён кардааст. “ Қобили зикр аст, ки рӯзнома дар солҳои 2015- 2017 бахшида ба  Рӯзи Ваҳдати миллӣ озмунҳо  “Меъмори Ваҳдат, Ваҳдат – бақои миллат”-ро… ” эълон намуда, хонандагони худро ба ваҳдату ягонагӣ даъват менамояд. Дар нимсолаи № 27 (2985), аз 23-уми июни соли 2017 мақолае зери унвони  “Сулҳи тоҷикон сабақ барои ҷаҳониён” чоп гардиааст, ки дар он муаллиф  марҳалаи истиқлолиятро  фоли нек унвон карда, пояи онро аз 20 соли ба даст омадани Ваҳдати миллӣ медонад. “Имсол мардуми шарифи Тоҷикистон 20- солагии  Рӯзи Ваҳдати миллиро  ҷашн мегиранд. Вазифаи  ҳар як фарди соҳибдил, меҳанпараст, бонангу ор аз он иборат аст, ки ин неъмати  бебаҳоро чун гавҳараки чашм азиз дораду ҳифз намояд” [8]. “Ба шарофати сулҳу ваҳдат, меҳнати бунёдкорона зидагии мардум рӯ ба беҳбудӣ овард. Сатҳи камбизоатӣ аз 80 ба 30 % расид. Ин нишони беҳтаргардии зиндагӣ, рушду пешрафти ҷомеаи мост, ки ба туфайли ваҳдату ягонагӣ ба даст омадааст” [8]. Нашрия дар баробари ин боз шеърҳо низ ба табъ мерасонад, ки  саршор  аз меҳанпарастӣ мебошанд. Чуноне ки дар болосухан таъкид кардем, ҳафтаномаи “Набзи Бохтар” аз ҷумлаи  жанрҳои журналистӣ  бештар аз очеркҳои таърихӣ ва гузоришҳои таҳлилӣ ва жанрҳои публитсистӣ бадеи васеъ истифода мебарад. Зимни таҳқиқ ба хулосае омадем, ки  ҳафтанома дар панҷ соли охир (2013-2017) беш аз 251 маротиба чоп гардида, дар он матолибӣ зиёди ватанпарварию сулҳдӯстӣ интишор ёфтаанд.

Адабиёт ва манбаъ:

1.Назаров У. Публисистикаи сиёсии С. Айнӣ // У.Назаров  / Суфраи Сухан (маводи конференсияи  назариявӣ ва илмӣ – методии умумидонишгоҳии ДДБ ба номи Носири Хусрав бахшида ба 140- солагии Садриддин Айнӣ) Бохтар. – 2018, 340 с.

  1. И.Усмонов, Журналистика. Қисми I // Усмонов И./  Душанбе-2005 “Империал-Групп”, 480с.
  2. “Набзи Бохтар” // “Тантанаи ваҳдату ҳамдилӣ” / №19 (30 29) 18-уми май соли 2018
  3. “Набзи Бохтар” // Рӯйдодҳои муҳими таърихӣ / №11-12 (3022) 20-уми марти соли 2018
  4. “Набзи Бохтар” // “Муқаддасот баъди 25 сол ба ватан баргашт”/  №19 (30 29) 18-уми майи соли 2018. 
  5. “Набзи Бохтар” // Бо роҳи хато наравем /№4 (3014) 26-уми январи соли 2018.
  6. Набзи Бохтар”//“Шогирдони донишманду ватандӯст тарбия намоем”/ №4 (3014) 26-уми январи соли 2018.                          
  7. “Набзи Қӯрғонтаппа” // “Сулҳи тоҷикон сабақ барои ҷаҳониён”/ № 27 (2985), 23-уми июни соли 2017.

  

Фарзона Мусавирова, унвонҷӯи кафедари рӯзноманигории ДДБ ба Носири Хусрав