Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз 1-уми августи соли 2020 дар шуъбаи ғоибона ва фосилавӣ  дарсҳо оғоз шуданд. Донишҷӯён дар дарсҳо фаъолона иштирок намуда, барномаи таълимии пешбинишударо аз худ менамоянд. Дар ҷараёни таълим бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва фосилаи иҷтимоӣ риоя шуда, пайваста синфхонаҳо безарар гардонида мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки ҳоло дар шуъбаи ғоибона беш аз 9400 нафар донишҷӯён дар 254 гурӯҳ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Устодони пуртаҷриба ба таълиму тарбия ҷалб шуда, рафти машғулиятҳо дар асоси Низомномаи ягонаи таҳсил ба роҳ монда шудааст.

 

 

Сангимурод Шарифов, сардори бахши

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хурав