ДУШАНБЕ, 04.08.2020. /АМИТ «Ховар/. Дирӯз, 3 август Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Тедрос Гебрейесус боз аз ҳама  даъват кард, ки бо худ  маҳлули безараркунанда дошта бошанд ва  дар ҳолати зарурӣ ниқоб бипӯшанд. Ба гуфтаи ӯ, ниқоб на танҳо воситаи пешгирии паҳншавии вирус, балки як навъ рамзи ҳамраъйӣ аст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти ахбори СММ хабар медиҳад.

«Ҳафтаи равон мо инчунин як флеш-моби вобаста ба ниқобҳоро муштаракан бо шариконамон дар тамоми ҷаҳон оғоз мекунем ва аз одамон даъват мекунем, ки аксҳои ниқобҳояшонро пешниҳод кунанд», — гуфт Тедрос Гебрейесус зимни брифинг дар Женева. Номбурда  гуфт, ки худаш ҳамеша маҳлули безараркунанда ва ниқоб дорад ва онро дар ҷойҳои серодам истифода мекунад.

“Дар ҳолати зарурӣ ниқоб бипӯшед, фосилаи иҷтимоӣ  ва этикаи сулфазаниро риоя кунед, аз ҷойҳои серодам ҳазар кунед, дастҳоятонро зуд-зуд бишӯед. Бо ин коратон шумо худ ва дигаронро ҳифз хоҳед кард”, — маслиҳат дод сарвари СУТ.    Мавсуф таъкид кард, ки вирус ҳоло ҳам  дар ҳама ҷойи сайёра бедодгарӣ мекунад, вале ягон воситаи муассири зидди он вуҷуд надорад.

«Ҳоло як қатор ваксинаҳо марҳилаи сеюми озмоишҳои клиникиро сипарӣ менамоянд ва ҳамаи мо умедворем, ки як миқдор ваксинаи муассир ба даст биоварем, то битавонанд дар кори пешгирии сироятёбии одамон кумак кунанд», — гуфт Тедрос Гебрейесус. Вале, дар айни замон ягон воситаи  идеалӣ вуҷуд надорад ва эҳтимолан ҳеҷ гоҳ пайдо нахоҳад шуд».

Ба гуфти ӯ, имрӯз ҳатто дар кишварҳо ва минтақаҳое, ки тавонистанд вируси хатарнокро лаҷом бизананд, ҳушёриро аз даст набояд дод. «Тадқиқоти серологӣ нишон медиҳанд, ки ба аксари одамон, ҳатто дар минтақаҳое, ки аллакай хуруҷҳои ҷиддӣ рух дода буданд, хатари сироятёбӣ аз вирус таҳдид мекунад».

Гебрейесус даъват кард, ки назорати эпидемиологӣ пурзӯр карда шавад, тамосҳо зери назорат гирифта шаванд ва шахсони гумонбаршуда зуд маҳдуд карда шаванд. «Тадбирҳои эҳтиётӣ ва мониторингро суст накунед, чунки коҳиши сареи маҳдудиятҳо метавонад боиси хуруҷи нави беморӣ гардад”, — огоҳ мекунад Директори генералии СУТ.

Ба гуфти ӯ, давоми ҳафтаи охир аз якчанд кишварҳое, ки ба назар мерасид, ки аллакай буҳронро аз сар гузаронидаанд, гузоришҳо дар бораи хуруҷҳои нави бемории COVID-19 ворид шудаанд. Бо вуҷуди ин, бисёриҳо тавонистаанд, ки бо роҳи риояи чораҳои ҷиддӣ вазъиятро таҳти назорат қарор бидиҳанд. Дар расонидани кумак ба беморон низ пешрафт муяссар шудааст.

“Ҳар рӯз мо дар бораи ин вирус як чизи нав мефаҳмем ва ман хурсандам, ки ҷаҳон дар муайян кардани усулҳои табобат ба пешрафт ноил шудааст.Ин усулҳо барои шифо ёфтани одамон, ҳатто ба гирифторони шаклҳои вазнини бемории COVID-19 кумак мерасонанд”, — гуфт роҳбари СУТ.

Тедрос Гебрейесус иброз дошт, ки чанд рӯз пеш Гурӯҳи коршиносони СУТ кори худро дар Чин ба анҷом расонид. Натиҷаҳои фаъолияти он барои тадқиқоти минбаъда ва муайян кардани манбаи аслии сироят асос хоҳанд шуд. Бо ин мақсад, гурӯҳи махсуси байналмилалии СУТ таъсис ёфтааст. Ба  он коршиносони Чин ва дигар кишварҳо шомил хоҳанд шуд. Тадқиқоти эпидемиологӣ дар Вуҳан оғоз мешавад.

Директори генералӣ хабар дод, ки ҳафтаи гузашта дар ҷаласаи фавқулодаи  Кумита Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ якдилона қарор қабул кард, ки хуруҷи COVID-19 мисли пештара ҳолати фавқулода дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ мебошад ва моҳияти байналмилалӣ дорад. Аъзои Кумита таъкид карданд, ки вазъи кунунӣ дар соҳаи тандурустӣ тӯлонӣ хоҳад буд  ва аз ҳама даъват карданд, ки тадбирҳои зидди эпидемиро дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ суст накунанд.

Роҳбари СУТ хотиррасон кард, ки ҲФТМБ 30 январи соли 2020 эълон шуда буд. Он замон коронавируси нав танҳо дар Чин бедодгарӣ мекард, берун аз ҳудуди он шумораи ҳолатҳои ошкоршудаи ин беморӣ аз 100 зиёд набуд. Имрўз шумораи гирифторони ин вирус ба 17,5 миллион нафар расида, тахминан 680 ҳазор тан ҷон бохтаанд.

ДАР АКС: ниқоб — яке аз воситаҳои муҳофизат. Акси ЮНИСЕФ/Ш. Муҳаммад