Ҳайати профессорону кормандони Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” барои сиёсати маорифпарварона ва ҳавасмандии моддӣ, яъне 15 фисад зиёд гардидани маоши вазифавии кормандони соҳа ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ менамояд.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи бинои нави таълимии факултети сиёсат ва идораи давлатӣ ва маҷмӯаи варзишии донишгоҳи мо иштирок доштанд, ки ин бори дигар аз таваҷҷуҳи давлату ҳукумати кишвар ба соҳаи маориф дарак медиҳад. Устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар баргузории ҳамаи чорабиниҳои сатҳи шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат меварзанд.       

Рисолати журналист воқеъбинона инъикос намудани ҳамаи рӯйдодҳои ҷомеа аст, ки тавассути сухан баён мешавад, вале ин сухан бояд созанда бошад.

Гузориши Абдурозиқ Азизов, хабарнигори минтақавии телевизиони “Тоҷикистон”, ки дар барномаи “Ахбор” 5-уми августи соли 2020 пахш гардид, ҳайати устодон ва кормандони донишгоҳро ба ҳайрат овард.

Дар барнома омодагии донишгоҳ ба соли нави таҳсил баррасӣ гардида,  ҳолати таъмирталаб будани роҳрав ва даромадгоҳи факултети химия ва биология, вазъи кабудизоркунӣ, насби навиштаҷот оид ба истиқболи Рӯзи дониш, риоя нагардидани Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди интиқод қарор гирифт. 

Бояд хотиррасон кард, ки ҳайати устодон ва кормандони донишгоҳ тибқи фармоиш расман аз 28-уми июли соли 2020 ба кор шурӯъ карда бошанд ҳам, дар давраи рухсатии меҳнатӣ новобаста ба вазъияти сироятёбии бемориҳои пандемӣ дар корҳои ободонию кабудизоркунии на танҳо донишгоҳ, балки берун аз он ҳам саҳм гузоштанд.  Аз ҷумла, устодону кормандони донишгоҳ ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нисбати расонидани кӯмак ба зарардидагони офати табиӣ ба деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти С. Айнии ноҳияи Хуросон  дастгирӣ карданд. Ду манзили истиқоматии №17 ва №43-и сокинони ин маҳалла бо ёрӣ ва дастгирии ҳамарӯзаи омӯзгорони донишгоҳ сохта ба истифода дода шуд.  

Ҳамчунин, бо мақсади самаранок истифода бурдани заминҳои таҷрибавӣ ва заминҳои назди саҳни биноҳои таълимии донишгоҳ устодону кормандон дар асоси роҳнамоиҳои Раёсати донишгоҳ дар қитъаи панҷгектараи мавзеи “Зағертут”-и шаҳри Левакант парваришу нигоҳубини сабзавоту полезиҳо ва боғи дарахтони мевадорро ба роҳ монданд, ки маҳз имсол ҳосили дилхоҳ ба даст омад. Ба фаъолияти меҳнатии кормандон дар замини таҷрибавии “Зағертут” вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Муҳаммадюсуф Имомзода изҳори қаноатмандӣ намуда, барои беҳтар намудани фаъолият дар ин самт ба масъулин дастуру супоришҳои судманд доданд.

Бояд қайд кард, ки то имрӯз беш аз 90 фисади биноҳои донишгоҳ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, барои қабули донишҷӯён омода мебошад. Корҳои таъмир ва сохтмонӣ дар баъзе аз факултетҳо ва Кохи фарҳангии донишгоҳ ҷараён дошта, гирду атрофи биноҳои таълимӣ дарахтони ҳамешасабз ва гулбуттаҳои зиёд оро дода шудааст. Чаро дар навор аз корҳои ободонӣ ишорае нест?!

Масъалаи дигаре, ки мавриди танқиди журналист қарор гирифтааст, ба фарҳанги ғайр тақлид намудани  бархе аз ҷавонон аст, ки назорати пайвастаро талаб менамояд.  Ҳарчанд дар ин самт Раёсати донишгоҳ, созмонҳои ҷамъиятӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда бошанд ҳам, мутаассифона, ин ҳолат гоҳо ба чашм мерасад. Ҳамаи донишҷӯдухтарон дар машғулиятҳо талаботи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя менамоянд. Чанд бонуе, ки ба либоси ғайр рӯйи навор омадаанд, онҳо донишҷӯ набуда, волидон ва наздикони онҳо мебошанд, ки баҳри шиносоӣ бо биноҳои таълимии муассиса омадаанд.

Нодида гирифтани чунин заҳмату меҳнати коллективи кормандони донишгоҳ аз рӯйи адолат нест. Норасоиҳои ҷузъие, ки мавриди таҳлили хабарнигор қарор гирифтааст, арзиши валвала ангехтанро надорад. Агар ба чашми ибрат бингарем, ДДБ ба номи Носири Хусрав миёни дигар донишгоҳҳои кишвар мақоми хосро соҳиб буда, дар соли нави таҳсил барои беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия, корҳои ободонию созандагӣ дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ нақша – чорабиниҳои зиёдеро роҳандозӣ намудааст.

Ҳайати устодону корманандони донишгоҳ бо боварӣ изҳор медоранд, ки норасоиҳои ҷузъиии рӯйи навор омадаро дар муҳлати кӯтоҳтарин бартараф намуда, соли нави хонишро бо дастовардҳои арзанда истиқбол хоҳанд гирифт.