Раёсати МДТ «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» мақолаи Таваралӣ Соҳибназаров «Навбатпоӣ  барои пардохт» («Ҷавонони  Тоҷикистон”, №32 (9666) аз 06.08.2020)-ро мавриди баррасӣ қарор дод.

         Дар ҳақиқат баъди рӯзҳои аввали аз тарафи ММТ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудани натиҷаи имтиҳоноти довталабон  ҳазорҳо нафар толибони илм ба донишгоҳҳо ва шуъбаҳои «Амонатбонк» рехтанд. Вале ҳамаи дар навбати пардохти маблағистодагонро донишҷӯёни ДДБ ба номи Носири Хусрав пиндоштани журналист билкул хатост, чунки дар ҳудуди шаҳри Бохтар дар қатори донишгоҳи мо Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, коллеҷҳои давлатии омӯзгорӣ, тиббӣ ва кишоварзӣ ва боз се коллеҷи шахсии дигар низ амал мекунанд ва ҳамаи онҳо дар қатори гурӯҳҳои буҷетӣ аз тариқи шартнома низ донишҷӯ қабул мекунанд. Донишгоҳ рӯзҳои 27.07.2020 – 41, 28.07.2020 – 105, 29.07.2020 – 203, 30.07.2020 – 132, 01.08.2020 – 63,  2.08.2020 – 1, 03.08.2020 – 673, 04.08.2020 – 833 довталабонро қабул намуд.

Камбудие, ки журналист нишон дода, бонги изтироб задааст, рӯзи дуюми қабули довталабон бо дастгирии филиалҳои №42 ва 43 БДА «Амонатбонк» пурра бартараф гардида, дар ҳудуди донишгоҳ се нуқтаи қабули пардохти маблағҳои шартномавӣ таъсис ёфт.  

Журналист Т. Соҳибназаров дар аввал таъкид намудааст, ки роҳбарияти ДДБ ба номи Носири Хусрав иддао доранд, ки мардум дар филиалҳои №42 ва 43 БДА «Амонатбонк» маблағҳояшонро пардохт намоянд. Охир, бе ин ҳам довталабон ва волидони онҳо барои супурдани ҳуҷҷаҳои фарзандонашон маҷбуранд ба маркази вилоят-шаҳри Бохтар ташриф оранд. Барои ҳамин дар филиалҳои №42 ва 43 БДА «Амонатбонк» ва дар се нуқтаи дар ДДБ ба номи Носири Хусрав, қабули пардохти иловагии таъсисдодаи қабули пардохт, ки дар паҳлуи комиссияи қабули донишгоҳ ҷойгир мебошад, дар маҷмӯъ 9 нуқтаи супурдани маблағи таҳсил барои довталабон ва волидони онҳо мувофиқ аст.

         Журналист дар идомаи мақолааш аз фикри пештар ибрознамудааш даст кашида, қазияи хилофи онро арза медорад: «Мутаассифона, роҳбарияти донишгоҳ қазияи мазкурро надида гирифта, исрор менамоянд, ки барояшон фарқе надорад, ки довталаб маблағи шартномаашро дар кадом филиал месупорад, муҳимаш он ки расиди онро саривақт барояшон дастрас намоянд».

         Ба ҳамин тариқ, камбудиҳое, ки журналист нишон додааст, рӯзи дуюми оғози кори комиссияи қабул бо мусоидати филиалҳои №42 ва 43 БДА «Амонатбонк» таъҷилан ислоҳ шуданд.

         Бо ин мақсад дар мувофиқа бо БДА “Амонатбонк” нуқтаи хизматрасонӣ ва таълими бонкӣ дар ДДБ ба номи Носири Хусрав кушода мешавад, ки барои рафъи мушкилоти ҷойдошта дар ин самт мусоидат мекунад. Гузашта аз ин дар ин рӯз натанҳо довталабони ДДБ ба номи Носири Хусрав барои маблағсупорӣ ҷамъ буданд, балки дигар донишҷӯёни муассисаҳои таълимии кишвар, ки тариқи ММТ донишҷӯ ҳисоб мешаванд дар БДА “Амонатбонк” маблағ месупориданд. Аммо аз чӣ сабаб бошад, ки танҳо дар мақола ДДБ ба номи Носири Хусрав зикр шудааст.

         Раёсати МДТ «ДДБ ба номи Носири Хусрав» минбаъд кӯшиш менамояд, ки бо БДА «Амонатбонк» робитаи мустаҳкам барқарор намуда, маъракаи қабул  ва пардохти таҳсили довталабони донишгоҳро дар сатҳи хубтар роҳандозӣ намояд.

 

 

          Бахши Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав