31 декабри соли 2019 мақомоти кишвари Чин ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар бораи хуруҷи бемории илтиҳоби шуши номаълум дар шаҳри Вуҳан, воқеъ дар қисми марказии ин мамлакат хабар дод. Коршиносон ангезандаи бемориро муайян карданд, ки ин коронавируси COVID-19 мебошад.  То имрӯз ҳолатҳои сирояти коронавирус ғайр аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дар як қатор давлатҳои дигар ба қайд гирифта шудааст.

Ин вирус як навъ зернамуди нав мебошад. Ин ба он хотир  барангезандаи нав гуфта мешавад, ки дар марҳилаи имрӯза зиёда аз 30 намуди коронавирусҳо маълуманд.  Дар аксар ҳолат ин вирусҳо метавонанд ба организмҳои зиндаи гуногун, аз ҷумла одам, ҳайвонот, паррандагону хазандагон сироятовар бошанд.

Ҳангоми пайдо шудани зернамуди нав  организми инсон бо сабаби надоштани масуният наметавонад худро ҳимоя намояд. Дар ин ҳолат беморӣ вазнин шуда, ба оқибатҳои нохуш оварда мерасонад.

Ҳарчанд дар кишвари мо бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, бо вуҷуди ин баҳри роҳ надодан ё ин ки сари вақт пешгирӣ кардани ин беморӣ тибқи дас-туру супоришҳо ва нақшаи чорабиниҳои ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ, интиқол ва паҳншавии бемории коронавирус аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои марбута тадбирҳо андешида мешаванд.

Дигар ин ки дар мо эҳтимолияти воридшавии  коронавирус  ва дар натиҷаи он  хуруҷ ва паҳншавии ин беморӣ  хеле кам мебошад.

Роҳҳои гузариши ин беморӣ ҳавоӣ-қатрагӣ буда, он ҳангоми нафас гирифтан ва атсаву сулфа задан мегузарад. Ҳангоми атса ва ё сулфа задан бемор метавонад вирусро ба муҳити атроф паҳн намояд ва шахси солим дар мавриди риоя накардани масофае, ки байни шахси бемор ва солим ба андозаи на кам аз як метр муайян гардидааст, метавонад аз ин вирус сироят ёбад.

Мавриди зикр аст, ки чунин вирусҳо ба муҳити атроф бениҳоят ҳассос мебошанд. Зимни таъсири шуои офтоб ва ё ҳарорати гармӣ онҳо зуд маҳв мешаванд, вале дар сардӣ муддати якчанд соат дар муҳити атроф боқӣ монда, дар сурати риоя накардани гигиенаи шахсӣ кас метавонад ба он гирифтор шавад.

Нишонаҳои асосии коронавирус ҳарорати баланд, дарди сар, дарди мушаку пайвандҳо, дарди гулӯ, бемадорӣ ва пайдошавии оризаҳои сафед дар забон мебошанд. Дар натиҷаи чунин нишонаҳо роҳҳои нафас ва шуш осеб ёфта, дар муҳлати кӯтоҳ ҳолати бемор вазнин мегардад.

Яъне дар ҳолати ба ин беморӣ гирифтор шудан душвор шудани нафаскашӣ, нарасидани ҳаво ба мушоҳида мерасад.

Барои пешгирии беморӣ бояд қабл аз ҳама гигиенаи шахсӣ риоя карда шавад.  Ғайр аз ин, то паст шудани шиддати вирус аз сафарҳои бемаврид ба давлатҳое, ки дар он ҷойҳо нишонаҳои беморӣ пайдо шудаанд, бояд худдорӣ намуд. Дар   ҷойҳои серодам, хусусан раставу бозорҳо камтар гаштугузор кардан лозим аст. Бояд зуд-зуд   дастонро бо собун ва ё маҳлулҳои безараргардонидашуда шуста, аз ниқобҳои тиббӣ истифода намуд. Ба пардаҳои луобӣ, хусусан бинӣ, чашм ва даҳон камтар даст расонидан лозим аст. Тез-тез шамол додани макони зист, сайр кардан дар ҳавои кушод ва истифодаи меваҷоту сабзавоти аз витаминҳо бой муҳим мебошад.

Комрон Расулов сардори бахши

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав