26 декабри соли 2019 Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.

Пешвои миллат тамоми самтҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангу илму маориф ва ғайраро ба пуррагӣ таҳлил намуда, вазифаҳои навро барои соли 2020 муайян намуданд. Чун ҳамешагӣ Пешвои миллат ба соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеа-маориф диққати ҷиддӣ доданд. Сари ин мавзӯъ дар Паём зикр гардид, ки таҳким бахшидани иқтидори илми кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» пешниҳод намуданд, ки мақсад аз он бамасъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар додан ва сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар монданро инъикос менамояд. Ин пешниҳод мо-омӯзгоронро водор месозад, ки имконоти мавҷударо самаранок истифода барем.

Барои ноил гардидан ба ин мақсади наҷиб, ки Сарвари давлат бо боварӣ аз заҳмати собитқадамонаи аҳли маориф баён доштанд, ҳар як корманди соҳаро водор месозад, ки дар самти фаъолияти худ собитқадам бошем.

Самандари РАҶАБАЛӢ,

омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав