Ҷаҳони муосир ниёз ба пешрафти илму техника дорад. Аҳолӣ дар кураи замин торафт меафзояд, талаботи истеъмолӣ зиёд мегардад. Таъминоти аҳолӣ бо хӯрока ба яке аз масъалаҳои муҳими рӯз табдил ёфта истодааст. Ба замин хатарҳои азим, ба монанди офатҳои гармшавии иқлим, афтиши ҷирмҳои осмонӣ таҳдид менамоянд. Пешрафти илмиву техникӣ дар ин ҷода то андозае моро барои раҳоӣ ёфтан кумак мерасонанд.

Машриқзаминро дар гузашта «гаҳвораи илм» мехонданд. Онҳоро ба ҷаҳониён Ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Умари Хайём ва дигар донишмандон муаррифӣ намудаанд. Кашфиёти ин олимони беҳамтои ҷаҳонӣ ҳазорсолаҳо арзиши худро аз даст намедиҳад.

Дар гузаштаи дур идеяи сохтани ҳавопаймову чархбол ва оинаи нилгун дар афсонаҳои мардумии мо акси худро дар шакли «гилеми парон» ва «оинаи ҷаҳоннамо» ёфта буданд. Ғарбиён бар он ақидаанд, ки идеяи созандагӣ дар мо суръати барқро дорад, вале амали мо чун сангпушт ҳаракат менамояд. Барои ҷомаи амал пӯшидани ин идеяҳо моро лозим меояд, ки илм омӯзем ва ба ҷаҳони муосири техникӣ бипайвандем.

Замоне парвоз намудан, аз ҷойе ба ҷойи дигар садоро интиқол додан афсона менамуд. Одамон аз бемориҳои сабук ҷон медоданд. Роҳи яксоатаро моҳҳо тай менамуданд. Дар истеҳсолот қувваи зиёди корӣ истифода мегардид. Ҳоло ин мушкилот ҳама паси сар гаштаанд. Аз ин ҷой бо дуру наздик мустақиман гуфтугӯ менамоем, телевизорро тамошо мекунем, тибби муосир дили одамро иваз менамояд, тайёраҳои навтарин дар яксоат то 800 километр роҳ мепаймоянд, кори садҳо нафарро як дастгоҳ ба сомон мерасонад. Ҳамаи ин маҳсули омӯзиши илм мебошад.

Инсоният ба моҳ роҳ ёфт. Сафари кайҳонӣ барои ҳамагон ба нақша гирифта шудааст. Маълум мешавад дониш, маърифат, илм, фарҳанг, ақл, хирад чароғи равшани олами мост. Дарки ҳамаҷонибаи ҳодисаҳои олам, ҳаводиси мухталифи табиат, асрори фалак ба андозаи ақли инсон марбут аст. Ҳар қадар кас ба умқи ҳодисот бирасад, ҳамон қадар асрори дигаре зуҳур меёбад. Яъне, дар ин олами бекарон ҳазорон асрор нуҳуфтааст, ки ҳар якеро бо заҳмати зиёд кашф мекунанд.

Бо мурури замон оинаи ҷаҳоннамо, муъҷизаҳои парвозӣ аз олами хаёлот ба воқеият табдил ёфтанд. Албатта, яку якбора не, бо гузашти айём, дар натиҷаи донишандӯзӣ ва амал. Ақли инсонӣ пайваста бозёфтҳои навро рӯи кор оварда, заҳмати мардумро ба маротиб осон мекунад. Омӯхтан бо амал судманд аст.  Ба ин маънӣ Фирдавсии Тӯсӣ гуфта:

Касе, к-ӯ ба дониш тавонгар  бувад,

Зи гуфтору кирдор беҳтар бувад.

Хулоса, нақши илму дониш дар инкишофу рушди саноат, кишоварзӣ, кушодани сирру асрори табиату коинот ва ҳал намудани муаммоҳои зиёд ниҳоят бузург аст. Ҷавонони мо бояд ҳамеша дониш андӯзанд, то осудагии ҷомеаро таъмин намоянд. Аз ин рӯ, ҳар сокини Тоҷикистон сарфи назар аз ихтисосу синну сол вазифадор аст, ки барои фурӯзон намудани чароғи ақл пайваста омӯзад. Пешрафти ҷаҳони мутамаддин моро водор менамояд, ки сатҳи илму донишамонро боз ҳам тақвият бахшем.

Мо, насли ҷавон бояд ба ин ёдгории бузурги гузаштагони худ рӯй оварем. Зеро қадру манзалати инсонӣ аз дараҷаи илми ӯст. Беҳуда нест, ки Ибни Сино дар синни нуздаҳсолагӣ бо табобати амир пардохт. Аз рӯи заковаташ табибони дигар, ки аз ӯ бузург буданд, ӯро эътироф намуданд ва аз ӯ омӯхтанд. Аз ин рӯ, он чиро, ки аз зеҳни пешиниёни мо дар саҳифоти китобҳо боқӣ мондаанд, зарур аст биомӯзем ва барои расидан ба ин ҳадаф бештар хонем, рӯй ба илму маърифат оварем.

Файзулло АБДУРАҲИМОВ,

омӯзгори факултети филологияи тоҷик