Ҳамкасбони гиромӣ, усто­дону шогирдони арҷманд!

Пешвои миллат ҳангоми са­фари кориааш ба донишгоҳи мо рӯзи 23 марти соли 2019 таъкид намуданд, ки “Донишгоҳи дав­латии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳамчун яке аз марказҳои асосии тайёр намудани кадрҳои омӯзгорӣ ва рушди фарҳангу адаби кишвар дар тӯли фа­ъолияти беш аз чилсолаи худ дар қатори дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамла­кат дар тарбияи омӯзгорон ва мутахассисони бахшҳои мух­талифи ҳаёти ҷомеа ва давлат нақши сазовор гузоштааст”.

Таваҷҷуҳ ва ѓамхориҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои мил­лат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф моро водор мена­мояд, ки тамоми неруи ақлонию зеҳнии худро дар партави иҷрои супоришу ҳидоятҳои Сарвари давлат барои беҳбудӣ бахши­дан ба сифати таълиму тарбия, истифодаи роҳу усулҳои фаъол дар таълими дарсҳо, технология ва техникаи замонавӣ дар ра­ванди таҳсилот, тайёр намудани мутахассисони баландихтисосу дорои ахлоқи ҳамидаи ба тала­боти ҷаҳони муосир ҷавобгӯ ра­вона созем.

Фаъолияти Донишгоҳи дав­латии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар зарфи зиёда аз 40 соли мавҷудияташ дар тайёр намудани мутахассисони балан­дихтисоси соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ба касе пӯшида нест.

Боварӣ дорам, ки дар нахустрӯзи соли нави таҳсил дарҳои гулистони дониш аз нав ба рӯйи Шумо- шогирдон, ки оян­дасозони Ватани маҳбубамон мебошед, боз мешаванд ва Шумо бо неруи тозаву азми қавӣ ба донишандӯзӣ шуѓл меварзе­ду сатҳи маърифату маънавиё­ти худро боз ҳам боло мебардо­ред.

Воқеан, дониш сипари одам, роҳнамою дастгир ва чароѓи равшани дили инсон аст. Маҳз тавассути донишандӯзӣ ҳар фард қуллаҳои муродро фатҳ мекунад ва дар пешрафту обо­дии ҷомеа саҳм мегузорад.

Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва таваҷҷуҳи пайгиро­наи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Пре­зиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола нахустрӯзи соли таҳсил ҳамчун рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар кишвар ба иди умумимиллӣ табдил гашта, бо шукӯҳу шаҳомати хосса дар тамоми муассисаҳои таълимӣ таҷлил карда мешавад. Махсу­сан ҳамасола кушоиши ин иди умумиллӣ ва дарси сулҳ, ки аз тарафи Пешвои миллат сурат мегирад, ба ин ҷашн шукӯҳу шаҳомати махсус мебахшад.

Таҷлили рӯзи дониш ва дарси сулҳ имсол аз он ҷиҳат шукӯҳмандтар мебошад, ки ҷумҳурии азизамон таҳти сиё­сати хирадмандонаву созандаи Пешвои миллат дар раванди омодагиҳо ба ҷашни 30-сола­гии Истиқлолияти давлатӣ ва интихоботи Президент қарор доранд ва раванди ободкори­ву созандагиҳо дар сар то сари кишвар бо суръати бесобиқа идома дорад.

Воқеан, Истиқлолият ифти­хор ва сафобахши рӯзгори халқи тоҷик мебошад. Сулҳи тоҷикон дар ташаккули худшиносии миллӣ нақши муассир гузошт ва раванди миллатсозиву дав­латсозиро дар мамлакат тавсеа бахшид. Аз ин лиҳоз, ҳангоми дарси сулҳ устодон бояд ба шо­гирдон аҳаммият ва нақши сулҳу ваҳдати миллиро барои суботи ҷомеа, рушди муназзаму муъта­дили кишвар ва пойдориву усту­вории давлат шарҳ диҳанд ва на­врасону ҷавононро дар рӯҳияи сулҳдӯстиву сулҳпарварӣ тар­бия намоянд.

Рӯзи дониш баробари дар­си сулҳ арзиши баланд дошта, донишҷӯёну шогирдони мо ва дигар муассисаҳои таълимии кишвар ин санаи фархундаро бо шодиву хурсандӣ истиқбол менамоянд. Маҳз омӯзгор аст, ки наврасону ҷавононро ба ин­тихоби касбу ҳунар ва роҳи ду­русти зиндагӣ ҳидоят мекунад. Дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир рисолат ва масъулия­ти касбии омӯзор бамаротиб зиёд шудааст. Дар ин росто, ҳар як омӯзгор бояд ҳисси ба­ланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ дошта бошад ва шо­гирдонашро дар ҳамин рӯҳия тарбия намояд. Аҳли маориф низ ифтихорманд аз онанд, ки бузургтарин ва пуршарафтарин масъулият – донишомӯзӣ ба насли наврасро ба дӯш доранд. Баҳри иҷрои муваффақонаи ин рисолати волои хеш онҳо бо та­моми ҳастӣ ва бо камоли масъ­улият фаъолият менамоянд, зеро пойдевори давлат бояд мустаҳкам бунёд карда шавад ва он таҳкурсӣ пеш аз ҳама талқини ҳамаҷонибаи ифтихо­ри ватандорӣ аст. Ватандӯстӣ ҷавҳари ниҳоист, ки инсонро ба гузаштаву имрӯзаи кишвараш ошно месозад ва мепайвандад, ба ояндааш мутмаину дилгарм месозад. Ҷавононро дар рӯҳияе тарбия бояд намоем, ки ифти­хору номуси ватандорӣ дошта бошанд, хизмат ба Ватанро ша­рафу номуси ҷавонмардии худ шуморанд, барои онҳо Ватан беҳтарин нишеман, зодбум ва макони оромидан бошад.

Ѓамхории навбатии Пешвои миллат аз 1.09.2020 ба андо­заи 15 фоиз зиёд шудани музди меҳнати кормандони соҳаи ма­ориф мебошад, ки ин бори ди­гар моро дар иҷрои вазифаҳои ба дӯш доштаамон бештар масъул мегардонад. Имрӯзҳо мо дар арафаи ҷашни 29-со­лагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор до­рем ва дар таҷлили шоистаи ин фархундаҷашни миллат аҳли маориф нақши муассир мегузо­ранд.

Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ва хотирмон ҳамаи Шумо – усто­дону донишҷӯён, алалхусус донишҷӯёни курси якумро, ки тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ аз рӯйи 65 ихтисос ба донишгоҳи мо шомил гардиданд, ба ин рӯзи фархун­да табрику муборакбод намуда, бароятон саломатӣ, пешрафту барор ва дар фатҳи қуллаҳои дониш муваффақияти бешумор таманно дорам.

Соли нави таҳсил мубо­рак!