Ҳамасола бо иштироки Роҳбари давлат оғоз гардидани дарси сулҳ ва соли нави таҳсил дар кишвари мо гувоҳи равшани эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати мамлакат ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсии ҷомеа, мақому мартабаи илму маориф, маънавиёту маърифат, заҳмати омўзгорону устодон ва саъю талоши донишҷўёну хонандагон, яъне насли ояндасози миллат мебошад.

 

Аз ин рӯ, дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати таҷлили Рўзи дониш ва Дарси Сулҳро  кулли устодону донишҷӯён мустақим тамошо намуданд.

dav

 Зимни суханронии пурмуҳтаво Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин доир ба паҳлуҳои гуногуни соҳаи илму маориф, тарбияи кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар зинаи таҳсилоти олӣ, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани сифати таҳсилоти касбӣ, мутобиқ кардани мазмуну муҳтавои китобҳои дарсӣ, ба талаботи замон мутобиқ кардани сатҳи азхудкунии барномаҳои таълимӣ, беҳдошти ҳолати тамоми муассисаҳои таълимӣ дар саросари кишвар, истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳои буҷет андешаронӣ карда, барои ҳалли мушкилот дар ин самт ба Ҳукумати кишвар, масъулини вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

 

dav

Дар охири суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар омӯзгорону хонандагон, наврасону ҷавонон, донишҷӯён ва тамоми сокинони мамлакатро бо Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо саломатӣ ва барору комёбӣ орзу карданд.

Бояд қайд кард, ки ҳайати омўзгорону кормандон ва донишҷўёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав  Дарси сулҳи Пешвои миллатро  тамошо намуда, дастуру супоришҳое, ки дар партави суханронӣ иброз намуданд, сармашқи фаъолият ва хониш менамоянд.

 

Дар ин рўз инчунин дар дигар биноҳои таълимии донишгоҳ, факултетҳо, толорҳои маҷлис, синфхонаҳои таълимӣ, литсейи назди донишгоҳ донишҷўён, устодон ва толибилмон сарҷамъона ба тамошои мустақими Дарси Сулҳ ва суханронии Пешвои миллат сафарбар гардиданд.

Комрон РАСУЛОВ,

сардори бахши Маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ донишгоҳ