Инсон аз дигар махлуқот маҳз бо ақлу хирадаш фарқ мекунад. Ҳар инсоне, ки аз ақлу хирад маҳрум бошад, зоҳиран инсон асту ботинан аз ин сифат маҳрум. Албатта, ақлу хирад модарзод буда, он ба хилқати инсон вобаста аст, аммо дигар хосиятҳои муҳимро инсон барои ташак­кули дуруст дар рафти ҳаёт ба даст меорад.

Дар ҷомеа зиёд нафароне ба назар мерасанд, ки дорои ақли со­лим ҳастанд, аммо аз он ки тарбияи дуруст надидаанд аз илму фарҳанг бебаҳра мондаанд. Одоб, рафтору гуфтори нек, аз ҷумлаи асоситарин хислатҳое мебошанд, ки дар ҳама давру замон барои инсонҳо муҳиму аввалиндараҷа ба шумор мерафтанду мераванд.

Костагӣ дар муоширати ҷавонон маҳз зимни суханронии онҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба назар мерасад. Муҳаққиқи ҷавон Хушдил Раҳимҷонов мегӯяд, мутаассифона, ҷавонон байни якдигар бо овози баланд, алфо­зи қабеҳ ва бидуни андешаи он ки дар ҷойи ҷамъиятӣ ҳастанд, суҳбат мекунанд, ки касро дилгир месозад. Бо ҳам баланду қабеҳ ҳарф меза­нанд. Дар муоширати ҷавонони имрӯз ифодаҳое, чун эҳтиром, самимият, меҳрубонӣ ниҳоят камёфт гардидааст, ки ин ҳолат нигаронкунанда аст. Парваридани чунин эҳсосот аз муҳити оила сарчашма мегирад.

Мо дар донишгоҳ, дар ҳама дарсҳо аз тозагии забон ёдовар шуда, таъкид мекунем, ки бояд донишҷӯ бо кадом лафзу забон сухан кунад. Муҳит солим шуд, бо боварӣ метавон гуфт, ки муоширати ҷавонон низ хуб мешавад. Чуноне ки вақтҳои охир сару садоҳо дар мавриди ҳусну қубҳи муоширати ҷавонон зиёд ба назар мерасад ва хуб ҳам ҳаст, ки онро мавриди омӯзиш қарор дода, аз пайи ислоҳи он ҳастанд. Дар муқоиса бо чанд соли пеш имрӯз донишҷӯёни мо, ҷавонони хеле ҷаҳондидаву пеш­рафтаанд ва тафаккури созанда доранд.

Мо – омӯзгорон дар навбати худ ҳамарӯза бо ҷавонони зиёд кор ме­кунем ва нисбати ҳаллу фасли ин масъала бетараф нестем. Муоширати ҷавонон, ки ҳамарӯза дар ҷараёни дарсҳо шоҳид мешавем, нисбат ба солҳои пешин хеле хуб шудааст. Бовар дорам, ки баъди чанд сол мо ба сари ин мавзӯъ дигар барнамегардем. Яъне муҳите, ки имрӯз давлату ҳукумат барои ҷавонон муҳайё кардааст ва ҷавононе, ки дар оғӯши ин муҳит умр ба сар мебаранд, худ аз худ барои ислоҳи камбудиҳояшон мепардозанд.

Бузургонамон дар китобҳои пурарзиши худ моро ҳамеша барои му­оширати дуруст иршод месозанд. Яке аз омилҳои асосӣ ва муҳимми ҷозибаноки осори Саъдӣ дар тарзу усули муоширати байни симоҳои офаридаи ӯст. Шайх Саъдӣ ба ин аркони гуфтор санъату маҳорати ба­ланди суханофариниро ба харҷ додааст. Мусоҳибаи симоҳои ҳикояҳои Саъдӣ дар мавриду ҳолатҳои мухталифи равонӣ ба вуқуъ мепайвандад. Мутафаккир бештар усули муколамаро истифода бурда, дар аксар мав­рид худ ҳамчун (сомеъ) шунаванда, шоҳид ё мусоҳиб амал мекунад. Саъдӣ ҳарчанд хомӯширо дар ҷамъияти хирадмандон авлотар донад ҳам, ҳангоми зарурат дар сухан кӯшиданро раво медонад, зеро шахс бояд бо тақозои ваъият рафтор намояд ва ҳангоми муошират одоби ҳамнишиниро нигоҳ дорад.

 

Нуриддин Каримов,

омӯзгори кафедраи курси

амалии забони англисии ДДБ