Имрӯзҳо тавассути расонаҳои хабарӣ таъкид мегардад, ки дар баъзе аз кишварҳои дунё мавҷи дуюми бемории сироятии СОVID-19 ба қайд гирифта шудааст ва мутахассисони соҳаи тиб сабаби хуруҷи навбатиро дар омилҳои гуногун, аз ҷумла беэътиноии аҳолӣ ба қоидаҳои беҳдоштии шахсӣ ва ҷамъиятӣ, аз қабили истифодаи ниқоб ва риояи ҳатмии фосилаи иҷтимоӣ арзёбӣ мекунанд.

 

Мутассифона, вақтҳои охир дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон низ сокинон ба риояи ин қоидаҳо бепарвоӣ зоҳир мекунанд, ки ин барои пешгирии бемории сироятии СОVID-19 халал ворид карда, имкони паҳн гаштани ин вирусро ба миён меорад. Вобаста ба ин, Сито­ди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзур намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии СОVID-19 бо мақсади муайян намудани ҳолати омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсили 2020-2021, таъ­мини иҷрои саривақтии чорабиниҳои беҳдоштӣ, дастури тавсиявӣ “Оид ба ташкили кори муассисаҳои таълимӣ дар шароити боқӣ мондани хатари паҳншавии СОVID-19” ва “Талабот оид ба тартиби истифодабарии ниқоб”-ро, таҳия намуда, қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

 

Мутахассисони соҳа таъкид медо­ранд, ки истифодаи маҳлулҳои спиртдор ё шустани дастҳо бо собун вирусро нобуд мегардонад. Пӯшонидани даҳону бинӣ ҳангоми сулфа ва атса задан ба паҳн шудани вирусҳо ва дигар микробҳои ка­салиовар монеа мешавад. Агар ҳангоми сулфа ё атса задан даҳон ва бинири бо даст пӯшонед, микробҳои дасти шумо ба ашёҳо ва ё ба одамоне, ки шумо бо онҳо дастфишурӣ мекунед мегузаранд. Аз одамоне, ки нишонаҳои шамолхӯрӣ ва зуком доранд, худро дар масофаи на кам аз 1,5 метр дур нигоҳ доред. Инчунин дар ин ҳолат инсоне, ки бемории сироя­тии роҳҳои нафас дорад, дар атрофи худ қатраҳои хурди вирусро паҳн мекунад.

 

Аз ин рӯ аз тамоми шумо хоҳиш карда мешавад, ки қоидаҳои гигиена (тозагӣ)-и роҳҳои нафасро риоя намуда, худ ва наздиконро аз бемориҳои сироятӣ ҳифз намоед.

 

Чанд маслиҳат ба хотири беҳдошту тандурустӣ

 

  1. Реҷаи корӣ ва дамгириро риоя ку­нед. Аз хоб сер шавед. Ҷисми нағз дам­гирифта барои касалиҳо як дижи дастно­рас мешавад.
  2. Дуруст ғизо хӯред – барои со­лимии ҷисм на кам аз 400 г маҳсулоти растанигӣ ҳар рӯз хӯрдан лозим аст. Хӯрок бояд гуногун ва аз маводи фоида­нок бой бошад.
  3. Маҳсулоти хӯрокворӣ, инчунин, сабзавоту меваҷоту кабудиҳоро танҳо баъди тамизгарии ҳароратӣ истеъмол намоед.
  4. Ба дараҷаи кофӣ об нӯшед, ба ҳисоби миёна 30 мл ба 1 кг вазни ҷисм. Оби хунукро нанӯшед. Обро қисм – қисм дар давоми рӯз ва ним соат пеш аз хӯрок ва байни хӯрокхӯрӣ нӯшед.
  5. Ҷисман фаъол бошед – гимна­стикаи ҳамарӯзаи ба меъёр масунияти ҷисмро то 32% баланд мебардорад.
  6. Баданро обутоб диҳед. Ин роҳи маълуму маъруфи пешгирии касалиҳо мебошад.
  7. Аз дастфишорӣ ва рӯйбусӣ худдорӣ кунед.
  8. Ба назди одами бемор бе воситаҳои муҳофизӣ аз 3 метр наздиктар наравед.
  9. Аз танпоккун, рӯйҷоҳо, зарфҳо ва дигар воситаҳои касал истифода набаред.
  10. Аз маскаи ҷарроҳии тиббӣ ис­тифода баред. Шояд маскаи беҳтарин маскаи чорқабатаи докагӣ бошад, ки дар миёнаш қабати пахта дорад. Онро шуста, дарзмол карда, муддати зиёде истифода бурдан мумкин аст. Дар ҷойҳои серо­дам аз ниқоби тиббӣ истифода баред, дар нақлиёт, ҷои кор, ҷои дарсомӯзӣ, консертҳо, чорабиниҳои варзишӣ ва ғайра.
  11. Оби бинӣ ва ё луоби даҳону балғамро дар ҷойҳои кушод берун на­партоед.
  12. Дастонатонро баъди ҳар дафъаи ба предметҳои беруна расидан бо собун шӯед.
  13. Хонаро тез – тез ҳавои тоза диҳед ва чанги онро бо латтаи нам пок кунед.
  14. Ҷойгаҳи касалро аз дигарон бо парда ҷудо намоед.
  15. Тамоку ва нос накашед. Тамоку ва нос ҷисми шуморо заҳролуд намуда, масъунияти шуморо паст мефарорад, қобилияти девории пардахои луобиро то 3 баробар паст намуда, барои гузаштани вирусҳо аз қабати онҳо шароит муҳайё месозад.
  16. Некназар бошед. Некназарӣ ма­суниятро мустаҳкам месозад. Фаромӯш накунед, ки тафаккури мо то андозаи му­айяне воқеиятро меофарад.

 

Бунгоҳи тиббии ДДБ

ба номи Носири Хусрав