Дар тамоми кишварҳои дунё ҷавонон ба сифати як нерӯи пуриқтидори бунёдкор пешбарандаи ҷомеа шинохта ва эътироф мешаванд. Ин қишри ҷомеа, ояндаю бақои умри ҳар як миллат ба шумор мераванд.

Боис ба зикр аст, ки ҷавонон, рукни асосии ҷамъияту давлат ба ҳисоб рафта, ободию озодӣ аз онҳо вобастагӣ дорад. Вазифаи ҳар як ҷавон аз он иборат аст, ки дар муассисаҳои миёна ва олии касбӣ таҳсили хуб намуда, барои худ ва ояндаи нек касб ва шуғлеро интихоб намояд. Ба воситаи касби интихобкардааш, тавонад барои пеш­рафти давлату ҷамъият саҳми арзандае гузорад.

Асосгузори сулҳу вадати миллӣ-Пешвои миллат, Пре­зиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама сафарҳояш ба мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон барои ба омӯзиш, таҳсил ва касбҳои гуногун фаро гирифта­ни ҷавонон, байни давлатҳо шартномаҳо ба имзо мерасо­над, то ин ки ҷавонон рафта таҳсили илм кунанду ҳамчун як мутахассиси варзида, омада барои пешрафти ватани маҳбубамон саҳми худро гузоранд. Кам нестанд ҷавононе, ки дар соҳаҳои гуногуни варзиш, илму техника Парчами Тоҷикистонро дар минбари баланд парафшон намудаанд.

Бе муболиға имрӯз бояд гуфт, ки Ҳукумати Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ободию осудагии мо ҷавонон шабурӯз заҳмат кашида истодааст. Ҳамин аст, ки аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ роҳбари кишвар ҷавононро маври­ди таваҷҷуҳу ғамхориҳои ҳамешагии хеш қарор дода, то ба имрӯз дастгириҳои ҳамаҷониба менамояд. Аз ин рӯ, мо ҷавононро мебояд, ки ба ин ҳама ғамхориҳо тамоми кӯшишу ғайрати хешро ба аз бар намудани илмҳои муосир равона созем, зеро танҳо шахсони донишманду соҳибмаърифат метавонанд дар рушду нумӯи ҷомеа саҳмгузор бошанд.

Пас, сипосгузор бояд буд аз чунин роҳбари қавиирода, ки ҷавононро ба бунёдкориву созандагӣ раҳнамоӣ сох­та, баҳри ояндаи босуботи кишвари маҳбубамон талош мекунад. Дар ҳоле, ки ҷавонон қувваи бузург ҳастанд, ин қувваро танҳо дар ягонагӣ ва ҳамроҳ будан пайдо кардан мумкин аст.

Озодаи Рауф “Фурӯғ”