sdr

Имрӯз дар саҳни даромадгоҳи бинои асосии Раёсати донишгоҳ реҷаи қабули шаҳрвандон, дар асоси нақшаи корӣ аз ҷониби С. Давлатзода, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав баргузор гардид, ки дар ин ҳайат ноибони ректор, мушови¬р ва деканҳои факултетҳо иштирок доштанд.

Рӯзи қабул, роҳбари донишгоҳ ва дигар масъулин дар асоси низомномаи хориҷ, барқарор ва интиқоли донишҷӯён ба дархосту аризаҳои донишҷӯён по¬сух гуфтанд. Ҳолатҳои барқарор ва интиқол наму¬дани донишҷӯёни зинаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо қабули қарори дахлдори Комиссияи барқарор ва интиқол, ки дар назди қисми таълим бо фармоиши рек¬тори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ таъсис дода шу¬дааст, баррасӣ мегардид.

sdr

Бештари донишҷӯён бо ариза ба С. Х. Давлатзода, ректори донишгоҳ дар бо¬раи барқарор, интиқол ёфтан ва ди¬гар мушкилоти баамаломада дар ра¬ванди таҳсил муроҷиат менамуданд. Ҳамчунин, баъзе аз донишҷӯён бо дарназардошти сабабҳои иҷтимоӣ, вазъи оилавӣ барои гузариш ба шуъбаи ғоибона муроҷиат намуданд.

dav

Дар ин рӯз донишҷӯёни зиёд бо ариза ба ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав профессор Давлатзода С. Х. муроҷиат намуда, хоҳишҳои худро оид ба гузариш ва интиқолёбӣ амалӣ намуданд.

 

 

 

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ