Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, 22 –юми августи соли 2020, бо иштироки Сайфиддин Давлатзода, ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав вохӯрӣ баргузор гардид. Дар мулоқот ноибони ректор, декани факултетҳо ва мудирони кафедраҳои донишгоҳ ва омӯзгорони ҷавони нав ба кор қабулгардида иштирок доштанд.

Ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, профессор Сайфиддин Давлатзода дар бораи донишгоҳ ва самтҳои асосии фаъолияти он маълумоти муфассал ироа намуд.

Сипас, оид ба ноибони ректор фикру андешаҳои худро оид ба принсип ва самтҳои асосии фаъолияти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маълумот доданд.

 

 

 

 

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ