Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав раванди таълим тибқи дастуру талаботи Ситоди ҷумҳуриявию вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19, инчунин тавсияҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи қоидаҳои беҳдоштиву санитарӣ ба роҳ монда шуда, барои ҳифзи саломатии устодону донишҷӯён тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.  

Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав барои пешгирӣ аз бемории коронавирус аз ҳисоби устодону донишҷӯëн навбатдоронро вобаста намуда, ҷиҳати риояи гигиенаи шахсӣ, масофаи муқарраршуда, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ ва маводи антисептикӣ мунтазам корҳои фаҳмондадиҳиро дар факултетҳои донишгоҳ мегузаронанд.

Ҳамзамон ҳамарӯза корҳои безараргардонӣ дар синфхонаҳои таълимӣ, ки донишҷӯён дар се баст дар он дарс мехонанд тибқи талабот дар факултетҳои донишгоҳ ба роҳ монда шудааст. Дар ин радиф, санҷиши ҳамарӯзаи ҳарорати бадани устодону донишҷӯён, захираи маҳлулу маводи безараркунанда дар даромадгоҳи Раёсати донишгоҳ ва факултетҳо пурра риоя мегардад.

Ёдовар мешавем, ки қоидаву тавсияҳои муқарраршударо устодону донишҷӯён ба таври ҳатмӣ риоя бинамоянд ва барои таъмини саломатии худу атрофиён масъулияти бештар эҳсос намоянд.  

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ

ба номи Носири Хусрав