dav

Тибқи иттилои Холмоҳ Ҳасанова, мудири китобхонаи ДДБ ба номи Носири Хусрав аз санаи 13-уми августи соли равон дар бинои таълимии кўчаи “Дўстии халқҳо” китобхона кушода ба истифода дода шуд.

Дар китобхона беш аз 12 ҳазор нусха адабиёти гуногун, китобҳои дарсию методӣ ворид гардида, донишҷўёну омўзгорони 7 факултети минтақаи мазкур метавонанд аз онҳо ба таври васеъ истифода намоянд.