Дар гимназияи назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо ташаббуси раёсати донишгоҳ дар соли таҳсили нави 2020-2021 ду гурӯҳи таъ­лимашон бо забони русӣ кушода шуданд. Теъ­доди хоҳишмандон дар ин гурўҳ то имрўз ба 44 нафар расидааст.

Гимназияи назди Донишгоҳи давлатии Бохтар мувофиқи қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ таҳти №10 аз 30.05.2000 сол ва бо назардошти фикру дархостҳои шаҳрвандон таъсис дода шудааст.

Гимназия оинномаро дар таҳрири нав қабул намуда, ҳуқуққабулкунандаи гимназия-литсейи назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, ки 29.08.2000 сол таҳти №6 Р -123 дар идораи нотариалии давлатии Раёсати адлияи вилояти Хатлон ба қайд гирифта шудааст, мебошад.

Гимназияи Донишгоҳи давлатии Бохтар мувофиқи қарори шӯъбаи аттестатсия, аккредитатсия ва литсензионии мактабҳои таҳсилоти ҳамагони, идораи давлатии аттестатсионӣ аз 1.05.2001 сол дар бораи тағйир додани номи гимназия-литсейи Донишгоҳи давлатии Бохтар гимназия номида шавад.

Дар асоси қарори Идораи давлатии аттестатсионии Шӯрои омӯзгорон бо протоколи №7 Шӯрои омӯзгорони гимназия аз 2.06.2003 сол низ чунин қарор қабул кард. Минбад дар ҳамаи ҳуҷҷатҳо номи таълимгоҳ гимназияи Донишгоҳ сабт мегардад.

Гимназия фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Раиси вилояти Хатлон, Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи гимназия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои ҳуқуқию меъёрии соҳаи маориф ва Оиномаи мазкур ба роҳ мемонад.

Гимназия ҷузъи ҷудонашавандаи Донишгоҳи давлатии Бохтар мебошад ва дар фаъолияташ бо тартиботи дохилии ҷоришудаи он риоя мекунад.