Мусаллам аст, ки яке аз роҳҳои асосии баландбардории сифати таълим ва аз худ намудану дарк кардани донишҳои амалӣ барои донишҷӯён ин пайваста машғул будан ба ҳалли масъалаҳои озмоишӣ маҳсуб меёбад. Ҳамзамон ҳалли масъалаҳои озмоишӣ мустақилият ва фаъолнокиро мустаҳкам гардонида, дар ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва фикрронии мантиқии донишҷӯён мусоидат менамояд.

Дар назди кафедраи химияи умумии факултети химия ва биология 1 озмоишгоҳи илмӣ –таҳқиқотӣ, 2 озмоишгоҳи таълимии химия ва дар назди кафедраи биологияи умумӣ бошад 1 озмоишгоҳи таълимӣ ва 1 озмоишгоҳи растаниҳои ситрусӣ фаъолият дорад. Дар озмоишгоҳи илмӣ таҳқиқотӣ магистрантон ва донишҷӯёне, ки рисолаи хатм доранд, корҳои эксперименталии хешро гузаронида хулосабарорӣ мекунанд.

 

Дар озмоишгоҳи мазкур шаро­ити хуб фароҳам оварда шуда, аксарияти машғулиятҳои амалии донишҷӯён дар он гузаронида мешаванд. Тибқи маълумоти мудири озмоишгоҳи илмӣ – таҳқиқотӣ Абдураҳмон Давлатов озмоишгоҳи мазкур бо дастги­рии роҳбарияти донишгоҳ бо таҷҳизоти ҳозиразамон ва ҷавобгӯ ба шароити имрӯза сохта ва ба истифода дода шудааст. Дар ин озмоишгоҳ маҷмӯи ташхисҳои кимиё­вии маъданҳо, растанӣ ва нуриҳои маъданӣ, органикӣ, сидералӣ гузаронида мешавад. Ин пойгоҳҳо дар раф­ти машғулиятҳои амалӣ, таҷрибаомӯзиҳо дар баробари корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ самаранок истифода мешаванд.

 

Дар озмоишгоҳи химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ аз фанҳои химияи ғайриорганикӣ, химияи физикӣ ва хи­мияи технологӣ, дар озмоишгоҳи химияи органикӣ ва биологӣ аз фанҳои химияи органикӣ, химияи биологӣ ва химияи таҳлилӣ корҳои озмоишӣ гузаронида мешавад.

 

Айни замон ин озмоишгоҳҳо барои соли нави таҳсил омода буда, баргузории мунтазами машғулиятҳо шавқу рағбат ва таваҷҷуҳи донишҷӯёнро ба илмомӯзӣ зиёд намуда, дар баландбардории сатҳи донишҳои амалии онҳо мусоидат хоҳад кард.

 

Ш. Асоева, Фурӯғ”