Омӯзгор, роҳнамои ин­соният, шахси ҳалиму меҳрубон, дилсӯзу ҳидоятгари роҳи рости зиндагӣ маҳсуб меёбад. Ин аст, ки дар васфи бузургӣ, қадру манзала­ти устод, мутафакки­рони варзида, шоирону нависандагон суханони зиёде гуфтаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои мил­лат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста заҳмати устодону омӯзгоронро ба­ланд арзёбӣ намуда, дар сиёсати хеш маорифро соҳаи афзалиятнок эълон намудааст, зеро омӯзгор ба хотири тарбияи насли наврасу ҷавон аз баҳри ҳама чиз мегузарад, то ин ки ояндаи давлату миллат босубот бошад.

 

Дар замони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати киш­вар дар самти бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин на­мудани аҳолии ҷумҳурӣ сол то сол корҳои зиё­деро ба анҷом расони­дааст. Дар тӯли 29 соли Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати мам­лакат дар зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат чандин маротиба музди меҳнати кормандо­ни соҳаи буҷетӣ, аз ҷумла омӯзгорон зиёд гардида, барои баланд бардошта­ни сатҳи некуаҳволии мар­дум пайваста тадбирҳои гуногун амалӣ мегардад.

 

Афзун гардидани музди меҳнатро корман­дони соҳаи маориф яке аз ғамхориҳои навбатии наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президен­ти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонанд.

 

“-Бениҳоят хуб аст, ки аз тарафи Прези­денти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пай­васта ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, дар баробари дигар соҳаҳои муҳим дар пайи ҳар иқдоми навбатӣ ба ин соҳа низ диққати хосса равона мегардад. Мо омӯзгорон – аз даст­гириву ғамхории Прези­денти кишвар пайваста бархӯрдорем ва ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳо ваъда медиҳем, ки тамо­ми саъю кӯшиши худро баҳри босаводу ботарбия гардидани насли ҷавон равона намуда, саҳми ху­дро дар рушду нумӯи киш­вари азизамон Тоҷикистон мегузорем. Ҳар як сокини кишвар бояд ба қадри ин ҳама ободӣ, бунёдкорӣ ва оромию осоиштагӣ раси­да, баҳри боз ҳам тараққӣ ёфтани соҳаҳои гуногун ҷаҳду талош намояд,” – иброз дошт омӯзгори ҷавони кафедраи фалса­фа Ганҷина Нодирова.

 

Тамоми иқдоми неку наҷибонаи Президенти кишвар бо мақсади беҳтар намудани вазъи моддии аҳолӣ ва хуб гардидани сатҳи зиндагии мардум мебошад. Аз ин рӯ, ҳар яки мо сокинони кишвар­ро лозим аст, ки ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳо самаранок кору фаъо­лият намуда, дар рушду нумӯи кишвари азизамон Тоҷикистон саҳми арзан­даи хешро гузоранд, зеро обод намудану саҳмгузор будан дар пешрафти киш­вар қарзи шаҳрвандии мо ба ҳисоб меравад.

 

Раҷабмоҳ Давлатова,

омӯзгори  гимназияи назди донишгоҳ