Солҳои охир мафҳуми “бакалавр” вирди забони ҳама, бахусус аҳли зиё, қарор дорад. Агар зинаи таҳсилоти олии дар низоми байналмилалӣ эътирофшудаи бакалаврро қисме аз афроди ҷомеа ҳамчун таҳсилоти олии касбӣ эътироф намоянд, пас, гурӯҳи дигар ин зинаро таҳсилоти олии нопурра меҳисобанд. Аксари хатмкардаҳои зинаи бакалаври муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, ки мехоҳанд таҳсилро пас аз ин зина дар зинаи баъдипиломии магистр давом бидиҳанд, бар он андешаанд, ки мехоҳанд дараҷаи таҳсилашонро олии пурра гардонанд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2007, таҳти № 650 “Низомномаи бакалавриат, мутахассис ва магистратура” қабул шуда, дар ҷумҳурӣ тайёр кардани мутахассисони таҳсилоти олии касбӣ дар се зина- “бакалавр” (ба истиснои мутахассисони соҳаи тиб), “мутахассис” ва “магистр” ба роҳ монда шудааст. Ин иқдом пайгирӣ ва татбиқи амалии раванди ҷаҳонии Болонӣ дар низоми таҳсилот мебошад. Бакалавр зинаи аввали таҳсилоти олии касбӣ буда, ҳанӯз аз соли таҳсили 2008 бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти кишвар бо мутахассисони ихтисосманд қабул шудааст. Мафҳуми “бакалвр” ҳамчун истилоҳи англисии “bachelor s degree” дараҷаи олии эътирофшудаи байналмилалӣ аст.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” мафҳуми бакалавр чунин омадааст, ки “бакалавр – шахси дорои дараҷаи аввали таҳсилоти олии касбие, ки доир ба назария ва амалияи самти ихтисосаш дониш, маҳорат ва малакаи касбиро соҳиб шудааст” мебошад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи таълимӣ” истилоҳи бакалаврро ҳамчун “дараҷаи аввали таҳсилоти олии касбӣ, ки шахси дорои ин таҳсилот доир ба назария ва амалияи самти ихтисосаш дониш, малака ва маҳорати касбӣ ҳосил менамояд” шарҳ додааст. Бакалавр дараҷаи академии тахассусӣ буда, ба (шахсе) соҳибихтисосе, ки барномаи таҳсилоти олии касбиро тибқи талаботи нақшаву барномаҳои таълимии ҷавобгӯи стандартҳои давлатӣ аз худ намудааст, дода мешавад. Ба дорандаи дипломи бакалавр ҳуқуқи ишғоли вазифаҳое дода мешавад, ки тибқи талаботи Таснифоти давлатии равияҳо ва ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зинаи “мутахассис” пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, бо баҳои хубу аъло хатмкардаҳои зинаи таҳсилоти олии бакалавр аз рӯи равия ва ихтисос ҳуқуқи давом додани таҳсил дар зинаи баъдидипломии магистрро доранд.
“Магистр” тибқи муқаррароти санадҳои меъёрии дар боло зикршуда, дараҷаи дуюми таҳсилоти олии касбие мебошад, ки баъди супурдани имтиҳони давлатӣ ё ҳимояи рисолаи магистрӣ ба хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дода мешавад. Магистр, асосан ба соҳаи муайяни илм машғул шуда, корҳои илмию тадқиқотӣ мебарад ва аз рӯи ихтисос дар муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва дигар вазифаҳое, ки ба сатҳи таҳсилоти ӯ мувофиқанд, кор мекунад. Мақсади он таъмини соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ ва низоми илму маорифи кишвар бо мутахассисони баландихтисос ва кадрҳои илмию педагогӣ мебошад. Тавре дар низомномаи магистратура дарҷ гардидааст, ҳадафи таъсиси он таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо стандартҳои байналмилалии таҳсилот наздик намудан ва барои мувофиқати дипломҳо шароити зарурӣ муҳайё кардан аст.
Тафовут пеш аз ҳама, дар барномаҳои таълимӣ аст. Агар дар зинаи “бакалавр” – бакалавриат дар муҳлати на камтар аз чор сол доир ба назария ва амалияи самти ихтисосаш дониш, маҳорат ва малакаи касбиро ҳосил карда, соҳибтахассус гардад, пас дар дараҷаи “магистр” дар давоми ду сол, магистрант дар самти муайяни ихтисоси қаблӣ (бакалаврӣ) таҳсил карда, соҳаи муайяни илмро интихоб мекунад, ба корҳои илмию тадқиқотӣ машғул шуда, барои минбаъд таҳсилро дар зинаи доктрантура PHD давом додан, омода мешавад. Нақши ниҳоии таҳсил дар низоми ҷаҳонии таҳсилот “бакалавр” + “мутахассис” = доктрантураи PHD аст.
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳи ДДБ