Бо ибтикори Сайфиддин Давлатзода, ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагиву бунёдкорӣ, муташаккилона гузаронидани маъракаҳои кабудизоркунӣ дар назди 12 факултетҳои донишгоҳ бо маром идома дорад.

Ин амалро Раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав  пайваста назорат намуда дар дохил ва атрофи биноҳо гулҳои ороишӣ ва мавсимӣ шинонида мешавад.  Ҳамчунин, дарахтони сершохи хушкшудаи гирду атрофи донишгоҳ кӯтоҳ ва бурида шуданд.

Аз ин рӯ, дар заминҳои назди 12 факултети донишгоҳ  барои боз ҳам ободу зебо гардонидани саҳн ва гирду атрофи он корҳои ободонӣ гузаронида шуда, дар он ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён фаъолона ширкат мекунанд.

Дар баробари устодону кормандон, ҳамзамон масъулини хоҷагидорӣ дар дохили биноҳои таълимӣ ва хобгоҳ корҳои тозагиву ободониро ба анҷом мерасониданд. 

Лозим ба ёдоварист, ки дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷиҳати таъмиру тармим, кабудизоркунӣ, ободу зебо гардонидани биноҳои таълимӣ, саҳни донишгоҳ ва гирду атрофи он, пайваста дар мадди аввал аст.  

 

 

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ

ба номи Носири Хусрав