dav

Реҷаи қабули шаҳрвандон, устодон ва донишҷӯён дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар асоси нақшаи кории раёсати донишгоҳ ба роҳ монда шуда, пайваста амалӣ мегардад. Омӯзгорон, кормандон ва шаҳрвандону донишҷӯён дар рӯзҳои муқараршудаи реҷаи корӣ қабул гардида, мушкилоти онҳо сари вақт баррасӣ ва бартараф карда мешавад. Аз ҷумла, донишҷӯён метавонанд рӯзҳои ҷумъа ва шанбе бо ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав профессор Давлатзода С. Х. мулоқот намуда, бо дархосту ариза ба ӯ муроҷиат намоянд.

 

Мо шоҳиди як рӯзи қабули ректори донишгоҳ гар­дидем, ки он дар саҳни даромадгоҳи бинои асосӣ баргузор мегардид. Дар ин ҳайат ноибони ректор ва мушови­ри он иштирок доштанд. Тавре маъ­лум гардид, бештари донишҷӯён бо ариза ба ректори донишгоҳ дар бо­раи барқарор, интиқол ёфтан ва ди­гар мушкилоти баамаломада дар ра­ванди таҳсил муроҷиат менамуданд. Чанд нафари дигар аз донишҷӯён бо дарназардошти сабабҳои иҷтимоӣ, вазъи оилавӣ мехоҳанд ба шуъбаи ғоибона гузариш намоянд.

sdr

 

Рӯзи қабул роҳбари донишгоҳ ва дигар масъулин дар асоси низомномаи хориҷ, барқарор ва интиқоли донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дархосту аризаҳои донишҷён по­сух медоданд. Ҳолатҳои барқарор ва интиқол намудани донишҷӯёни зинаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо қабули қарори дахлдори Комиссияи барқарор ва интиқол, ки дар назди қисми таълим бо фармоиши ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ таъсис дода шу­дааст, баррасӣ мегардид.

 

sdr

Ёдовар мегардем, ки Ни­зомномаи мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ”, Низом­номаи намунавӣ оид ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, №118 тасдиқ шудаааст, таҳия гардида, низоми хориҷ, барқарор ва интиқоли донишҷӯёнро муайян мена­мояд.

 

 

 

 

Шаҳноза Асоева,

“Фурӯғ”