Сухани табрикотии ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин ба ифтихори 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Устодону донишҷӯёни гиромиқадр, ҳамкасбони азиз!

Истиқлолияти давлатии ишвари азизамон нодиртарин падидаи сиёсии сарнавиштсоз, рамзи пойдории давлат ва ҳастии миллат ба шумор рафта, тантанаи хирад, оғози марҳалаи навини давлатдории миллӣ, василаи муҳимтарини ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, нишонаи возеҳи ҳастии миллат ба шумор меравад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва соҳибихтиёр бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», №392 аз 9 сентябри соли 1991 дорои истиқлолияти воқеӣ ва комил гардид. Ин дастоварди муқаддастарин ва бузургтарини таърихии халқи тоҷик боиси дар харитаи ҷаҳон ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр арзи ҳастӣ намудани Тоҷикистон гардид.

Мафҳуми «Истиқлолият» дар фарҳангҳо ба маънии мустақил, мухтор, соҳибихтиёр ва бе дахолат анҷом додани нақшаҳо ва корҳои бузург омадааст. Яъне, ин мафҳум мазмуни сиёсати ягонаи дохилӣ ва берунии мамлакатро муайян мекунад. Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон тамоми масъалаҳои мубрами сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, масоили душвори байналмилалиро мустақилона ҳал менамояд.

Вожаи «Истиқлолият» – ин соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти комили давлат дар танзими фаъолияти дохилӣ ва хориҷии кишвар, низоми давлатдорӣ, мустақилона пешбурдани сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат, шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу раъйи бардавоми ҳар як фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги воло, бародариву баробарии ҳамаи аъзои ҷомеа сарфи назар аз халқият, миллият, урфу одат ва ақоиду афкор, хонаи обод, рӯйи сурх, сари баланд, зиндагии осоишта ва рӯзгори осудаҳолонаи ҳар фарди соҳибдавлату соҳибватан мебошад.

Маҳз ба шарофати соиҳибистиқлолии Ватани азизамон соли 2020 барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон соли рӯйдодҳои муҳимми сиёсӣ маҳсуб ёфта, ҳамчун соли дастовардҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа боқӣ мемонад.

Дар ин сол мардуми шарафманди Тоҷикистон дар рӯҳияи баланди ифтихор аз давлату давлатдорӣ, ватандорӣ, худшиносию худогоҳӣ дар муҳити созандаву бунёдкорӣ ва фазои озоди демократӣ бо ибтикороти бевоситаи сарвари давлати Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегиранд.

Таҷлили чунин як ҷашни пуршукӯҳ, пеш аз ҳама, аз таҳким ёфтани низоми сиёсӣ, инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ, демократикунонии минбаъдаи ҳаёти иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон, боло рафтани сатҳи шуури ҷамъиятӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакат шаҳодат медиҳад.

Ин дастоварди бузурги таърихӣ бори дигар собит менамояд, ки шаҳрвандони мамлакат ба пешрафти давлату давлатдорӣ, ояндаи худ ва фарзандонашон бетафовут набуда, сиёсати созандаву бунёдкорона, таъмин ва таҳкими суботи сиёсиву иҷтимоиро дар заминаи боъэтимоди рушди давлатдории миллӣ ва баланд гардидани ҳуқуқу уҳдадориҳои худ мепазиранд.

Дарвоқеъ, Истиқлолияти Ватан мояи ифтихору саодати ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Он ҳамчун сароғози эҳёи садоқату самимият дар замири ҳар як ҷавон буда, эҳтиром ба фарҳанг ва хоки поки аҷдодиро, ки амонат дар дасти онҳост, ба ирс мегузорад. Дар ин замина ҷавонон бояд хуб дарк намоянд, ки Истиқлолият ҳамчун рукни устувори озодӣ, ҷавҳари асосии зиндагӣ дар тамоми давру замон буду ҳаст ва он ба ҳайси ҷузъи таркибии ҳастӣ ва ҳувияти миллӣ бояд боқӣ монад.

Қонуни хосаи табиату таърих ва фалсафаи ҳаёт ин аст, ки новобаста аз хоҳишу иродаи ҳар фард ояндаи ҷомеа, идораи давлату миллат, ҳифз кардан ва афзун намудани музаффариятҳои инсонӣ ба дасти ҷавонон мегузарад. Ҳамин аст, ки дар ҷаҳони пуртазоди муосир мубориза барои таъсиргузорӣ ба мафкураи ҷавонон торафт пурзӯр мегардад.

Насли калонсол бо ба даст овардани Истиқлолият замини аҷдодии худро пас аз ҳазорсолаҳо ба ихтиёри худ дароварда, худро соҳибватан ва ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон намуданд. Яъне бо ин васила онҳо рисолат ва қарзи фарзандии худро дар назди таърих ва миллат иҷро намуданд. Пас, рисолат ва вазифаи насли ҷавони имрӯзаи Тоҷикистони азизамон аз чӣ иборат аст?

Албатта, рисолати ҷавонон, ки ояндаи миллату давлат дар дасти онҳо мебошад, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини абадияти Истиқлолияти давлатӣ, пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, муттаҳидӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, рушду инкишоф бахшидани иқтидори истеҳсолии кишвар ва муаррифию нигоҳ доштани мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ аст.

Дар робита ба ин, роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле хуб баён доштаанд, ки «Ҷавонони саодатманди тоҷик ҳамеша бояд дар хотир дошта бошанд, ки халқи озодихоҳи тоҷик асрҳои аср барои ба даст овардани Истиқлолияти Ватани азизамон талошу ҷоннисориҳо кардааст ва акнун ҳифзу нигоҳдории ин неъмати бузург, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ вазифаи бевосита ва муқаддаси онҳо мебошад».

Бо дарназардошти раванди зиндагонӣ ва тақозои ҷомеа фикр менамоям, ки ҷавонон ҳаққи маънавӣ надоранд, ки лаҳзае фориғ аз андешаи соҳибдавлатӣ бошанд. Дар ҷаҳони имрӯз ҷараёнҳои сиёсӣ хеле ҳассосу тезутунданд, ки дар як лаҳза метавонанд ихтиёр ва озодии моро халалдор созанд. Таърих гувоҳ ва далели раднопазир аст, ки ҳеҷ як халқу миллат, сарзамин ва давлати дигар миллатро обод накардааст. Сарзамини зарзамини мо тӯли зиёда аз ҳазор сол дар ихтиёри дигарон буд. Баъди ин фосилаи тӯлонию дарози таърихии бедавлатӣ мо қисме аз марзи аҷдодиамонро аз даст додем.

Хушбахтона, миллати сарбаланди мо баъд аз фосилаи муайяни таърихӣ ин ҳаққи табииву таърихии аздастдодаи худро дубора бо ҷонфидоиҳои фарзандони бошарафу ҷасур ва фарзонааш, бахусус Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст овард. Вале дар он фосилаи таърихие, ки миллати мо аз ин неъмат маҳрум буд, ҳазорон нафар олимону шоирон, файласуфону табибон, фарҳангшиносону нуҷумшиносон ва ҷавонони ғаюру далери модари тоҷик паси пардаи сиёҳи зулмоти душманон монда, ба қатл расиданд. Ин падидаи нопок зарбаи шадид ва хисороти азиме ба ҳастии миллати мо ворид сохт. Аз ин рӯ, имрӯз, ки ин неъмат боз насиби мо гардидааст, моро зарур аст, ки онро бо тамоми ҳастии худ дифоъ намоем.

Зеро Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ беҳуда нагуфтаанд, ки «… маҳз ин неъмати бузурги худодод барои ҳар яки мову шумо имкон фароҳам овард, ки номаи тақдири худро бо дасти худамон нависем ва ба хотири фардои ободу осудаи худ ва фарзандонамон заҳмат кашем. Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки ҳамаи камиву костиҳо ва мушкилоти зиндагӣ дар муқоиса бо неъмати истиқлолу озодӣ ҳеҷанд. Зеро миллате, ки истиқлолу озодӣ дорад ва ихтиёри давлатдорӣ дар дасти худаш аст, имконият ҳам дорад, ки масъалаву мушкилоти зиндагиро худаш ҳаллу фасл намояд».

Вақте ба таърих назар мекунем, мебинем, ки рушду тараққиёти ҷаҳон ва инсон ба ҳамон даврае рост меояд, ки дар дунё ғуломдорӣ аз байн рафт ва одамон озоду мустақил шуданд. Ин далели он аст, ки ҷавҳари асосии рушду камоли инсон ин озодии ӯ аст. Ҳамзамон озод будан маънои онро дорад, ки инсон қобилияти ҷисмонӣ ва маънавию ақлонии идора кардани худро дорад ва дар ин баробар метавонад ҳастии худро нигоҳ дораду бунёд созад. Агар инсон озоду соҳибихтиёр бошад, озодона ташаккул меёбад, ӯ соҳибиқтидор мегардад ва метавонад манфиатҳои худро батамом ҳимоя кунад ва дар ҳифзи шаъну шараф, номусу сарнавишти худ пайваста устуворона истодагарӣ намояд. Соҳибистиқлолии миллат низ ҳамин мазмунро дорад. Яъне, миллат вақте соҳиби давлати худ нест ва ё соҳибистиқлол нест, ӯ наметавонад рушд намояд, чунки ихтиёр надорад, аз манфиатҳои миллии худ ҳифз кунад.

Ин омил боиси аз байн рафтани хотираи фарҳангӣ ва таърихии миллат мегардад ва дер ё зуд худи миллат низ аз байн меравад. Ҳангоме ки миллат ихтиёр надорад, яъне соҳибистиқлол нест, ӯ зертобеи дигар миллату давлатҳо мегардад. Дар ин ҳолат неруи миллиро дигарон ба нафъи худ ва амалӣ намудани ҳадафҳояшон истифода менамоянд. Ин маънои онро дорад, ки вақте шахс ва ё миллатро дигарон истифода мебаранд, ӯ субъект нест, балки ба монанди ашёест, ки ниёзҳои дигаронро қонеъ мегардонад. Яъне, Истиқлолият шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст.

Истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Зеро дар дунёи пуртазоди муосир фақат миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад. Ин нукта гувоҳи он аст, ки роҳи ягонаи ҳифзи шарафу номус ва дар маҷмӯъ сиришту ҳастии мо ҳифзу гиромидошти Истиқлолияти давлатӣ мебошад.

Таърих собит намудааст, ки ба даст овардани Истиқлолият душвору заҳматталаб мебошад, вале ҳимояи музаффариятҳо ва дастовардҳои Истиқлолият аз он ҳам душвортар аст. Ин шаҳодати он аст, ки насли гузашта ва имрӯзи кишвар бо ҷонбозиҳо ва заҳматҳои зиёд Истиқлолият ба даст оварда, тақдири миллатро ба дӯши худ гирифтанд ва давлату миллатро ба шоҳроҳи бунёдкорию созандагӣ ва музаффариятҳои ҳаётан муҳим ҳидоят намуданд. Аммо вазифаи душвору пуршараф таҳким, ҳимоя ва таъмини абадияту пойдории давлати соҳибистиқлол аст, ки ба зиммаи насли ҷавон аст ва ин масъулиятро бояд дарк кард. Насли ҷавон ҳаққу ҳуқуқи хато кардан ва аз худ дур кардани масъулиятро надоранд, чунки барои ба даст овардани ин неъмати бебаҳо фарзандони фарзонаи миллат ҷонбозиҳо намуданд, садҳо модарони тоҷик ашки ҳасрат рехтанд, ки инро хуб бояд дарк кард.

Дар ин росто, шаҳрвандони кишвар, қабл аз ҳама, ҷавонон дарк бояд намоянд, ки Истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати мо дар масири таърих мебошад. Тоҷикистон маҳз бо шарофати Истиқлолият ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд.

Бинобар ин, зарур аст, ки ин нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлатамон – Истиқлолияти давлатии кишварамонро содиқона ҳифз намоем ва ба хотири ободиву оромии он бо тамоми ҳастӣ талош варзем, аҳлона заҳмат кашем, дар ҳифзи арзишҳои муқаддас ва манфиатҳои миллии давлатиамон доимо зираку ҳушёр бошем, то қарзи худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон ба таври сазовор адо нам оем.

Дарки моҳияти Истиқлолият ва қадру манзалати давлатдории миллӣ, ки омилҳои муҳимми ҳастии миллат ва бақои давлатдорӣ мебошанд, барои ҳар як фарди кишвар рисолати шаҳрвандӣ ва қарзи муқаддаси фарзандист.

Ҷашни Истиқлолият муборак!