Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо ташаббуси кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалии факултети сиёсат ва идораи давлатӣ бахшида ба 29 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯъи “Истиқлолият бузургтарин дастоварди миллат” доир карда шуд.
Дар кори мизи мудаввар омӯзгорони кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ бо маърӯзаҳои пурмӯҳтавои худ баромад намуда доир ба масъалаи мазкур ибрози андеша намуданд.
Баромадкунандагон доир ба дастовардҳои дохилию хориҷии мамлакат дар замони соҳибистиқлоли мамлакат ибрози андеша карда таҳкит ба амал оаарданд, ки моро мебояд дастовардҳои замони истиқлолияти давлатиро ҳифз намоем.
Дар фарҷоми мизи мудаввар донишҷӯён ва иштироккунандагон суханрони намуда доир ба масъалаи мазкур фикру андешаҳои худро иброз намуданд.