Рӯзномаро садои ҳаяҷонноки ҳаёт мегӯянд, вале то соли 2000-ум ДДБ ба номи Носири Хусрав аз чунин садои ҳаяҷоннок бенасиб буд. Ёд дорам, аввали соли 2000-ум айёме, ки ман дар вазифаи ноиби ректори донишгоҳ оид ба илм кор мекардам, сарвари таълимгоҳ доктори илмҳои филологӣ, профессор Сабзаев Саидқул Миралиевич маро ба ҳузури худ хонда, вазифадор намуд, ки ҳатман нашрияи донишгоҳро таъсис диҳем. Мавсуф ба нашрияи донишгоҳ ном низ ниҳод: «Фурӯғ» ва мисраи Носири Хусравро ба ҳайси эпиграфи он зикр кард: «Дониш андар кони ҷонат гавҳар аст!»

Баъдан, маъракаи мураттабсозии ҳуҷҷатҳои нашрия, тартиб додани Ойинномаи он ва дигар корҳои таълимӣ оғоз ёфт. Ман, ки дар таъсиси гимназия, аспирантура ва дигар қисмҳои таркибии донишгоҳ, таҷриба доштам, дар ин кор низ бо муваффақият пеш мерафтам. Дар ин амали хайр ба мо Файзалӣ Чориев сармуҳаррири вакти нашрияи «Набзи Бохтар» журналисти мумтоз ва инсони пуркор дасти мадад дароз намуд, вале шарт гузошт, ки ба вазифаи муҳаррири ҳафтаномаи «Фурӯғ» писараш Абӯбакр Чориевро пешбарӣ намоем. Ректори донишгоҳ ба ин шарт низ ночор розӣ шуд. Баъдан, ҳафтанома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №539 сабти ном шуда, шумораи нахустини он 1-сентябри соли 2000-ум интишор шуд.

Дуруст аст, ки дар аввал сифати чопи ҳафтанома, муҳтавои мақолаҳои интишоршуда он қадар хуб набуд. Ҳайати эҷодии ҳафтанома низ тез-тез иваз мешуд. Соли аввал теъдоди нашри он танҳо 2-ҳазор нусха буда, маҳе ду бор чоп мешуд. Дар айни ҳол нашрия ҳар ҳафта бо теъдоди 10 ҳазор нусха чоп мешавад.

Ҳафтанома дар рӯзҳои аввали таъсисёбии худ бо номи «Ирфон» замима низ дошт, ки моҳе як бор дар шакли маҷалла чоп мешуд ва масьули чопи он ман будам. Ҳоло «Ирфон» ба маҷаллаи бонуфузи илмӣ таҳти унвони «Паёми» ДДБ ба номи Носири Хусрав табдил ёфта, ба рӯйхати маҷаллаҳои тақризшавандаи Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти ҶТ ва КОА-и ФР шомил гардидааст.

Дар тӯли 20 соли сипаришуда сифати мақолаҳо, ороиш, рубрикаҳо ва сарлавҳаҳои ҳафтаномаи «Фурӯғ» низ куллан дигаргун гардид. Беҳтарин олимони донишгоҳ профессорон, дотсентон, докторантон, магистрантон ва донишҷӯён дар ҳафтанома мақолаҳо чоп мекунанд, аз таҷрибаи андухтаи худ дар бахшҳои илм, таьлиму тарбия ба дигарон қисса мекунанд.

Ҳайати эҷодии ҳафтанома ҳоло таҳти роҳбарии номзади илмҳои филологӣ Қудратулло Наимзода корҳои назаррасеро анҷом дода истодаанд ва ҳафтаномаро ба минбари воқеии ҳазорон ҳазор устодону шогирдон табдил додаанд. Ман ифтихор менамоям, ки дар таьсиси минбари ҳазорон донишҷӯёну омӯзгорон ва дӯстдорони сухан саҳм гузоштаам.

Ҳайати эҷодии ҳафтанома ва раёсати донишгоҳро ба муносибати 20-солагии ҳафтаномаи «Фурӯғ» табрику муборакбод намуда, ба ҳамагон саломатӣ, табъи саршор ва пешрафту барор таманно дорам.
Ҳасан МУРОДИЁН,
профессор