Масъалаи коррупсия ва хусусиятҳои он яке аз масъалаҳои муҳим ва актуалӣ дар низоми илмҳои ҷомеашиносӣ, алалхусус илмҳои сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Омӯзиш ва таҳлилу тадқиқи ҳамаҷонибаи он ба зарурияти объективӣ табдил ёфтааст, зеро он ба яке аз таҳдидҳои навини олам табдил ёфтааст, ки амнияти давлатҳо ва муносибатҳои ҷамъиятиро зери хатар мегузорад.

Имрӯз зарурати тадқиқу таҳлили са­бабу хусусиятҳои пайдоиши коррупсия ба миён омадааст, зеро он метавонад ба рушди ҷомеаи демократӣ монеаҳоро ба вуҷуд орад. Дар сарчашмаҳои илмӣ муносибат ба коррупсия дар сатҳи гу­ногун қарор дорад. Дар давраи шӯравӣ назарияи коррупсия, ҳамчун таълимоти мукаммале оиди падидаи мазкур та­шаккул наёфта буд, зеро ба масъалаи коррупсия чандон диққат намедоданд. Коррупсияро хоси ҷомеаи сармоядорӣ дониста, ба ҷомеаи сотсиализм бегона меҳисобиданд. Дар кишвари мо бошад, аз давраи рукут сар карда, амалҳои коррупсионӣ авҷ гирифтаанд.

Коррупсия характери махсусеро соҳиб аст, ки он дар раванди интихобот ва дар амалиёти лоббистӣ баҳри ин ё он манфиат ба мушоҳида мерасад. Дар баробари коррупсия дар бисёр ҳолатҳо ҷиҳатҳои дигари он амсоли коррупсияи сиёсӣ истифода мешавад, ки дар бисёр мамлакатҳо паҳн гаштааст. Ҳар қадаре, ки дар ҷомеа сатҳи ташаккули демокра­тия паст бошад, ҳамон қадар дараҷаи коррупсияи сиёсӣ инкишофи баландро соҳиб мегардад. Чун қоида, коррупси­яи сиёсӣ дар давлатҳое, ки системаи ҳуқуқӣ ва судиашон инкишоф наёфта­аст сатҳи пасти соҳаҳои пешрафти ҳаёт рушд мекунад, ки дар он давлат, эътибо­ри шахсият, алоқаҳои хешу таборӣ, му­носибати рафиқона нисбат ба қонун ва қоидаҳои танзиму таъмини муносибатҳои байниҳамдигарии инсон ва ҷомеа боло меистад.

Коррупсия ин гирифтани фоидаи шахсӣ аз ҳисоби ҷамъият мебошад. Чуноне ки қайд кардем, коррупсияи сиёсӣ дар ҳамаи давлатҳо дар амалияи ҷамъиятӣ намудор аст.

Яке аз шартҳои муборизаи муваффақона бар зидди коррупсия ин фароҳам овардани заминаи мусоид ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин соҳа аст. Аслан, вақте ки бо баробари пайдо­иш ва ташаккули давлат коррупсия дар шаклҳои оддиаш пайдо гардид, масъалаи мубориза бар зидди ин падидаи иртиҷоӣ ва ифротӣ, ки метавонад ба асосҳои давлатдорӣ таҳдид намояд ва онро хароб намояд, барҷаста гардидааст.

Душвории мубориза бар зидди кор­рупсия дар он зоҳир мегардад, ки он на танҳо проблемаи ҷиноӣ (криминалӣ), балки иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ низ мебошад. Бо вуҷуди аз тарафи умум маҳкум намудану қабули декларатсия оид ба мубориза бар зидди коррупсия, он мавҷудияти худро устуворона идома медиҳад. Ҳар қадаре, ки сатҳи корруп­сия зиёд гардад, ҳамон қадар таъсири манфии он ба обрӯи давлат дар миқёси байналмилалӣ бештар мерасад ва ин ба ҷалби сармояи хориҷӣ монеъ ме­гардад. Инчунин таҳдидҳои иҷтимоию иқтисодиро ба амнияти давлатӣ ба вуҷуд меорад. Барои ҳамин, муборизаи таъ­сирнок бо ин танҳо тавассути амалӣ на­мудани маҷмӯи тадбирҳое, ки дар асоси сиёсати ягонаи зидди коррупсионӣ бунёд мегардад, имконпазир аст. Ин тадбирҳо бояд дарбаргирандаи чорабиниҳои мун­тазами давлатӣ бошанд ва тавонанд са­бабу шароитҳоеро, ки тавлидкунандаю парварандаи коррупсия дар соҳаҳои гу­ногуни ҳаёти сиёсӣ ҳастанд, бартараф намоянд.

Яке аз роҳҳои пурсамари мубори­за бар зидди коррупсия ҳамчуноне, ки дар барномаи глобалии СММ зикр гардидааст, ин огоҳонидани мардум аз коррупсия аст. Ҳар қадаре ки аҳолӣ аз оқибатҳои коррупсия бохабар бо­шанд, ҳамон қадар мубориза бо кор­рупсия осон мегардад. Конвенсияи СММ оиди мубориза бо коррупсия ба давлатҳои иштирокчӣ тавсия додааст, ки шаҳрвандони худро оиди зарари кор­рупсия бохабар намоянд.

Дар воқеъ, мубориза бар зидди кор­рупсия ва ҷиноятҳои хосияти коррупсионӣ дошта, яке аз самтҳои афзалиятноки си­ёсати ҳуқуқии давлат ба шумор меравад, зеро ҷиноятҳои коррупсионӣ асосҳои давлату давлатдориро аз байн бурда, ба фаъолияти муқаррарии мақомоти давлатӣ халал расонида, таъсири ман­фии хешро ба равандҳои иқтисодӣ ва рушди иҷтимоӣ мерасонад.

Мубориза бар зидди коррупсия дар ҷомеаи муосир масъалаи мураккабта­рин аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба­рои пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия заминаи қонунӣ-ҳуқуқӣ сох­та шуда, он бо суръати тез мукаммал мегардад. Манбаи асосии қонунгузории зиддикоррупсионӣ Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Имрӯз ба ҳар як давлат зарур аст, ки пеши ин гуна амали манфур дар ҷомеа ги­рифта шавад ва аз он ҷилавгирӣ намояд. Барои ин, аз тарафи мақомоти давлатӣ кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки баҳри пурқувват намудани роҳу воситаҳо бар зидди ин гуна амали манфур дар ҷомеа чораҳои зарурӣ андешад.

Зилола Зарипова