Об захираи бузургест, ки ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Кишвари азизи мо дорои захираҳои бойи оби тоза, чашмаҳои ширину мусаффо ва пиряхҳои боазамат мебошад. Ҳифзи манбаъҳои оби тоза ва сарфакорона истифода бурдани онҳо яке аз масъалаҳои асосии глобалии ҷаҳонӣ ба шумор меравад.

 Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз манбаъҳои захираи оби нӯшокӣ ва дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаб­бускор ва пешсафи фаъоли ҳалли ма­соили глобалии минтақа ва ҷаҳон воба­ста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст. Дар ин самт хизматҳои фарзанди баруманди халқи тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле барҷаста мебошад.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон силсилаи қатъномаҳои муҳими Маҷмааи уму­мии Созмони Миллали Мутаҳид оид ба масъалаҳои об қабул гардидааст. Ин ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии То­чикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи оқилонаи об дар ҷаҳон назаррас буда, маҳз бо пешниҳоди сарва­ри давлати мо аз минбари баланди СММ як қатор чорабиниҳои байналмилалӣ доир шуданд. Аз ин хотир, мизбони қисми зиёди ин конфронсу ҳамоишҳои байналмилалӣ маҳз Тоҷикистон буд. Чорабиниҳои глобалии мазкур дар таҳкими фаҳму дарки аҳамияти об чӣ барои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, ҳифзи экологӣ ва чӣ дар таъмини сулҳу субот ва рушд саҳми шоёни ху­дро гузоштанд.

Роҳандозӣ гардида­ни Даҳсолаи байналми­лалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки идомаи муттасил барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор маҳсуб меёбад, аз ҳар яки мо сокинони кишвар тақозо менамояд, ки дар тозаю покиза нигоҳ доштан ва ис­тифодаи оқилонаи ин сарвати бебаҳо масъул бошем. Обро на танҳо асоси ҳаёт дар рӯи замин инчунин мӯъҷизаи табиат низ номидаанд. Айни замон дар дунё қисмати зиёди шаҳрвандон аз норасоии оби софи ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Ҷиҳати нигоҳ доштани тозагию покии об ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, ки бетарафӣ зоҳир нанамояд. Мо итми­нони комил дорем, ки бо амалисозии иқдомҳои пешгирифтаи Ҳукумату мам­лакати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкории кишварҳои ҷаҳон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳалли мушкилоти дастрасӣ ба об беҳтар мегардад.

Тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шумурдани он, қимат донистани ҳар қатраи ин муъҷизаи бузург қарзи ҳар як инсони асил аст, зеро об на танҳо ман­баи ободӣ, балки маъхази нуру рӯшноӣ мебошад. Одилона ва самарабахш ис­тифода бурдани оби тоза, дуруст дарк намудани зарурати ҳифзи экология ва ҳифзи зебоиҳои табиат барои инсоният муҳим мебошад. Об захираи бузургест, ки воқеъияти он ҷаҳону зиндагониро та­ровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ ме­бахшад. Ҳамин аст, ки зиндагии осоиш­таю ободӣ, озодагию пурбаракатӣ ба об вобастагӣ дорад.

Давлатбек Қурбонов,

омӯзгори факултети сиёсат ва идораи давлатӣ