Ҷиҳати фаҳмондадиҳӣ ва пешгирӣ аз вируси COVID – 19 дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав корҳои тарғиботиро пурзӯр намуда, силсилаи чорабиниҳоро ба роҳ мондаанд.
Чунончӣ, бо иштироки Давлатзода Сайфиддин, ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав, Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон, Парвина Мухторова, намояндаи Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим аз бинои асосии донишгоҳ дидан намуданд.
Нахуст, меҳмонон дар даромадгоҳи донишгоҳ, ки аз ҳисоби кормандони бунгоҳи тиббии муассиса ҳамшираҳои шавқат ва омӯзгорони муттасадӣ масъул гардида шудааст дидан карданд, ки онҳо донишҷӯён, омӯзгорон ва шаҳрвандонро пеш аз ворид шудан ба донишгоҳ аз муоина мегузаронанд.
Ёдовар мешавем, ки дар даромадгоҳҳо маҳлулҳои антисептикии безараргардонӣ гузошта шуда, тавассути ҳароратсанҷ таби бадани донишҷӯёну омӯзгорон санҷида мешаванд. Ба дохили донишгоҳ ворид шудан бе ниқобҳои муҳофизатӣ қатъиян манъ аст.
Сипас, ҳайати меҳмонон бо сарварии ректори донишгоҳ аз синфхонаҳои таълимӣ, ошхона, хобгоҳ ва бунгоҳи тибии донишгоҳ дидан карда оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус, риояи гигиенаи шахсӣ, истеъмоли хӯроки серғизо, баланд бардоштани масъуният баромад намуданд.
Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон ҳангоми бозадид таваҷҷуҳи ҳозиринро ба пешгирии ҳар гуна хабарҳои бардурӯғ дар мавриди бемории коронавирус, риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ, тарғиби маърифати санитарӣ дар байни омӯзгорону донишҷӯён ҷалб намуданд.
Парвина Мухторова, намояндаи Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар бораи ин беморӣ, роҳҳои паҳн шудан ва пешгирии он маълумот дод. Дар вохӯрӣ аз риояи ҳолатҳои санитарӣ сухан рафта, таъкид шуд, ки ҷавонон дар тарғиби тарзи ҳаёти солим, дастрас намудани маълумоти дурусту расмӣ доир ба вазъи эпидемикӣ фаъол бошанд.
Иттилоъ дода шуд, ки тарзи ҳаёти солим яке аз дастовардҳои беназири инсоният ба ҳисоб рафта, барои шарафёб гардидан ба дарозумриву ҳаёти босаодат риояи меъёрҳои он ҳатмӣ ба шумор меравад.
Дар охир, масъалаҳои вобаста ба пешгирии бемории фарогири коронавирус дар мулоқоти омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо ҳайати меҳмонон баррасӣ шуд.
Маркази таҳлилӣ- иттилоотии ДДБ

dav
dav