Зиндагӣ аҷаб мароме дорад. Гоҳе дар лаҳзаҳои сангин хешро тамоман гум мекунему аз саҳфаи дигари неки он бехабар мемонем. Аз он меболем, ки имрӯз пас аз рӯзҳои сахти ҷанги шаҳрвандӣ соҳиби кишвари соҳибистиқлол ҳастем.

Солҳои Шӯравӣ омӯзгорони макотиби олӣ дар марказҳои илмии шаҳрҳои калони мамлакат дар курсҳои такмили ихтисос таҳсил мекарданд. Ёд дорам, соли 1989 мо 8 нафар омӯзгорони фанҳои ҷомеашиносӣ аз мактабҳои олии Тоҷикистон дар Киев муддати 5 –моҳ шунавандагони ҳамин гуна курсҳо будем.

Аз ин миён зиёда аз 30 сол гузашта бошад ҳам лаҳзаҳои беҳтарину хотирмони он айём аз ёдам ҳеҷ гоҳ намераванд. Он давра авҷи «бозсозии Горбачев»-и буд, аввалин ҷунбишҳои истиқлолиятхоҳӣ дар Украина ва Ҷумҳуриҳои назди Балтика ба вуқӯъ меомаданд. Дар Украина ҷунбиши мардумӣ ба номи «Рух» дар кӯчаҳо митингҳо мегузаронданд.

Ин гуна ҳолатҳо маро ба ҳайрат мегузошт. Ман гаштаву баргашта шукр мегуфтам, ки дар ҷумҳурии мо тинҷию оромӣ ҳукмфармо аст. Дар давоми якчанд моҳи дар он ҷо буданамон ба мо имконият фароҳам омад, ки ба ҷумҳуриҳои дигар низ сафар кунем.

Он рӯзҳо омӯзгори факултети физика Ҷ. Ёдгорбеков, ки дар аспирантураи Донишгоҳи Киев таҳсил мекарданд ва ба ҳимояи рисолаи номзадиашон тайёрӣ медиданд ба мо роҳбаладӣ мекарданд. Ман ва ду муаллимаи дигар, яке аз Полша, дигаре аз Булғор қариб ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳат ба шаҳрҳои калон ба сайёҳат мерафтем. Ҳар ҳафта якҷоя ба воситаи қатора ба сафар мебаромадем. Бо ҳамин тариқ, Белоруссия, Литва, Вилнюс, Латвия, Лвов ва шаҳрҳои калонтарини Украина, Одессаро дидан кардем. Моҳи октябр буд, дар пойтахти Литва ба намоиши кӯчагӣ рӯ ба рӯ шудем.

Издиҳоми серодам духтараки зебоеро бо либоси миллии гулдӯзӣ, оро дода, дар сар гулчанбар, вале дастонаш занҷирбанд дар сафи пеш гирифта меомаданд. Онҳо ҳама бо як овоз мегуфтанд, ки «Мо 50-сол дар ғуломии ИҶШС будем, акнун Истиқлолият мехоҳем».

Ман ба ҳамсабақон дар бораи муваффақиятҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистони азизамон бо ифтихор нақл мекардам.

Моҳи феврали соли 1990 ба Душанбе баргаштем. Аз 11-уми феврал дар Душанбе воқеаҳои ҳузнангез оғоз ёфтанд. Аз шаҳрҳои гуногуни мамлакати паҳновар ҳамсабақони Киев ба ман занг зада мегуфтанд: «Шумо аз ҳама гузарондед-ку? Яку якбора куштору сӯхтор, таҷовузу таҳқир». Ба онҳо чӣ посух доданро намедонистам.

Ман таърихи воқеаҳои солҳои 90-умро, ки ҳамаи насли калонсол гувоҳ ва иштирокчиёни бевоситааш будем, нақл карданӣ нестам.

Фақат мехоҳам, ба ҷавонон, шогирдон ва хонандагони ҳафтанома ёдрас намоям, ки Истиқлолият, ки 29-умин солгардашро имрӯз дар фазои сулҳу суботи сартосарӣ ҷашн мегирем осон ба даст омада бошад ҳам, вале минбаъд барои нигоҳ доштани он 157 ҳазор нафар қурбон, зиёда аз 60 ҳазор нафар кӯдакон ятим монда, беш аз садҳо млн доллар зарари иқтисодӣ дидем.

Кушта шудани беҳтарин фарзандону олимон, аз қабили устодони зиндаёд М. Осимӣ, ки борҳо мо аз суҳбатҳояшон баҳраманд шудаем, Юсуфхон Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Моёншо Назаршоев, Нурулло Ҳувайдуллоев, Отахон Латифӣ, Муннаваршо Назриев ва дигарон натиҷаи он бесарусомониҳо буд. Майдонҳои «Шаҳидон» ва «Озодӣ» аз якдигар дур набуданд. Овозҳои баромадкунандагон бемалол шунида мешуд. Пеши ҷангро гирифта натавонистем. Мамлакат ба алангаи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд.

Мегӯянд, ки «кӯр асояшро як бор гум мекунад». Мо як бор роҳгум задем ва ин чиз бароямон бисёр гарон афтод. Хайрият, ки бо раҳнамоии Эмомалӣ Раҳмон аз ин роҳгумӣ баромадем, дар ин кор хиради азалии мардуми тоҷик, таҳаммулпазирӣ, бахшида тавонистани тоҷикон ғалаба кард. Ман шоҳиди он будам, вақте ки гурезагони тоҷикро аз Афғонистон тариқи қатора меоварданд, онҳо чӣ тавр нолакунон худашонро ба замин партофта, замини Тоҷикистонро мебӯсиданд. Ман низ, ки дар мусофират будам, қадри обу хоки ин Ватанро фаҳмидам. Мо намехоҳем, ки ба сари мардуми мо дубора он рӯзҳо биёянд. Ман ба он хотир он рӯзҳоро ба ёд меорам, ки дар оянда ҷавонони ин миллат бояд ҳушёр бошанд.

Бояд бигӯям, ки мо тавассути филми «Хиёнат» огаҳӣ ёфтем, ки қотили фарзандони ин миллат киҳо буданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз тамоми шароитҳоро фароҳам сохтааст, то мардуми кишвар зиндагии шоиста дошта бошад. Аз ҷумла нисбати ҷавонон ғамхориҳои бештар ба назар мерасанд. Боиси шукр аст, ки дар кӯчаҳои шаҳр теъдоди донишҷӯён имрӯз хеле зиёд гардидааст. Вақте ки ҷавондухтаронеро мебинам, ки ба воситаи Квотаи Президентӣ таҳсил менамоянд, бисёр болидарӯҳ мегардам.

Имрӯз Сарвари мамлакат тасмим гирифтааст, ки барои шинохтани таъриху фарҳанги миллати хеш ба тамоми оилаҳо китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро ҳадя намояд. Ин нишонаи қадр доштану шинохти асолати давлату миллат аст.

Ман дар ҳама соатҳои дарсӣ дар бораи он солҳо ба шогирдон нақл мекунам. Мегӯям, то ки алахусус ҷавонон бояд огаҳ бошанд, дубора фирефтаи душманони миллат нагарданд, зирак бошанд ва  ҳушёриро аз даст надиҳанд. Шукронаи озодию Истиқлолият, сулҳу оромии ин кишварро намоянд.

Зебо САТТОРОВА,

дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷик