Дар факултети химия ва биология конференсияи илмӣ- назариявии устодону донишҷӯён бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» дар соҳаи илму маориф доир гардид.

Дар конференсия устодон ва донишҷӯён бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд. Мавзӯъҳои интихобгардида, асосан проблемаҳои глобалии ҷаҳони муосирро дар бар мегирифт.

Конференсияи илмӣ-назариявии устодону донишҷӯёни кафедраи биологияи умумӣ низ дар озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии факултет таҳти роҳбарии мудири кафедраи биологияи умумӣ н.и.х Парвиз Ятимов гузаронида шуд. Устодон ва донишҷӯён аз руйи мавзӯъҳои интихобнамудаи худ маърӯза намуда, қайд карданд, ки барои бартараф кардани вазъияти кунунии ба амаломада дар ҷомеа, ҳамаи аъзои он бояд ҳиссагузор бошад ва қоидаҳои гигенаи шахсиро риоя намоянд.

Дар охир чун дигар конференсияҳо маърӯзакунандагони беҳтарин аз байни устодон ва донишҷӯён муайян карда шуд. Аз миёни устодон маърӯзаи дотсент Қ. Рукниддинов ва аз байни донишҷӯён баромади донишҷӯи курси 3-юми ҳамин факултет Рамазони Маҳимбек беҳтарин дониста шуд.

Рамазони МАҲИМБЕК,

донишҷӯи курси 3-и факултети химия ва биология