Шӯрои диссертатсионии 6D. KOA – 035  дар назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав фаъолият дорад, ки дар он Шамсулло Тағоев, омӯзгори кафедраи информатикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Исфандиёр Ҷонмаҳмадов, омӯзгори кафедраи методикаи таълими технологии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуданд.

Шамсулло Тағоев, омӯзгори кафедраи информатикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯъҳои “Коркарди амсилаи компютери бозии педагогӣ, рангпуркунӣ барои рушди салоҳиятҳои хонандагон дар ҷараёни таълимии системаҳои ҳисоб” аз рӯйи ихтисоси 13.00.02 – Назария ва методикаи омӯзишу парвариш (информатика, таҳсилоти миёнаи умумӣ) зери роҳбарии Комилиён Файзалӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳимоя намуданд.

Исфандиёр Ҷонмаҳмадов, омӯзгори кафедраи методикаи таълими технологии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзӯи “Методикаи ташаккул додани мафҳумҳо механика дар синфи 7-уми муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз рӯйи ихтисоси 13.00.02 – Назария ва методикаи омӯзишу парвариш (физика, таҳсилоти миёнаи умумӣ) зери роҳбарии Ҳамид Маҷидов, профессори Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон ҳимоя шуд.

Ёдовар мешавем, ки Шӯрои диссертатсионии 6D. KOA – 035  дар назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз соли 2018-ум тибқи фармони комиссияи аттестатсионии нази Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро шурӯъ кард, ки то имрӯз 18 нафар омӯзгорон рисолаҳои номзадии худро дар риштаи методикаи физика, математика ва информатика дифо намуданд.

 

 

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ