Солҳои охир бо кӯшишу заҳматҳои Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми чораҳои зарурӣ дар самти маориф андешида шуда истодааст. Иқдомҳои наҷибона ва дастгириҳои ҳамаҷониба барои беҳтару хубтар намудани сатҳу сифати таълим рӯз то рӯз авҷ мегирад.

 

Бо вуҷуди душвориҳои ҷанги дохилӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ чандин ҳуҷҷатҳо аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» (1994), «Консепсияи мактаби миллии Тоҷикистон» (1995), «Низомномаи намунавии муассисаи таълимии олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1996), Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (2011) ва боз чандин ҳуҷҷатҳои дигар қабул гардиданд, ки дар онҳо роҷеъ ба таълиму тарбияи насли наврас масъалаҳои муҳимро ба миён гузоштаанд. Дар воқеъ, ҷомеаи пешраву ҷадид ҳамеша бо афроди пурдону хирадманд ва мусаллаҳ аз илму адаб ниёз дорад ва калиди кулли комёбиҳо ҳам дар ашхоси баилму ҳӯшманд ва некахлоқ аст.

 

Ҳамин аст, ки аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти комил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи давлату ҳукумат ба мактабу маориф, илм ва китобу китобдорӣ бештар гашта, бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат, Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор ёфт, ки тибқи он аз моҳи январ то моҳи декабр дар ҷумҳурӣозмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯи чор номминатсия баргузор мешавад. Дар он тамоми хонандагону донишҷӯён ва магистрону аспирантҳову докторантҳо иштирок карда метавонанд.

 

Дар ҳақиқат, бо василаи китоб асрори арзишҳои умумибашарӣ замин, Ватан, оила, инсон, маданият, сулҳ, меҳнат, илм, дониш, ки то имрӯз эътироф шудаанд, симо, сират, хусусият- менталитети халқи мо бештар ба чашм мерасад. Вобаста ба ин, имрӯз бояд тамоми низоми таълиму тарбия ва бахусус тарбияи ахлоқии кӯдакону ҷавонон дар заминаи эҳёи фарҳангу суннатҳои миллӣ, рукнҳои Истиқлолияти давлат, самтҳои пешрафти ҷомеа, арзишҳои умумибашарӣ ба роҳ монда шавад, ки дар ин росто китоб ва китобхонӣ нақши мондагор дорад. Бояд иқрор шуд, ки ин иқдоми Пешвои миллат, иқдоми таърихие мебошад, ки дар ин иқдом, пеш аз ҳама рӯҳи инсон бар камол мерасад.  Дар баробари фароҳам омадани шароиту имконият устодонро зарур аст, ки дар раванди дарсҳои тарбиявӣ ба донишҷӯён тавсияҳо баҳри мутолиаи китоб дода бошанд.

 

Бо пешниҳоди озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанаи пешинаи китобдориву китобхониро эҳё намуд. Инчунин, зимни ироаи Паёми навбатӣ дастур доданд, ки чопи китобҳои бадеиро зиёд намоянд. Ҳамзамон, дар як сол барои калонсолону хонандагон мутолиаи ҳатмии панҷ китоби бадеиро ба роҳ монанд, иҷрои қатъии онро зери назорат бигиранд. Ин метавонад пеш аз ҳама, ба кам шудани бекорӣ, роҳ наёфтан ба гурӯҳҳои ифротиву тундрав мусоидат намояд.

 

Шуҳрат ТИЛЛОЕВ,

Амирхон ЯТИМОВ,

омӯзгорони кафедраи информатика ва технологияи иттилоотӣ