Имрӯз Интернет аҳолии ҷаҳонро ба ҳам пайваста, шаҳрвандон метавонанд тавассути он робита дошта бошанд. Барои робитаи байни инсонҳо Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ масоҳат ва сарҳадро аз байн бурда, барои пайдо кардани маълумотҳои зарурӣ, имконияти хуберо дорост.

 

Дар ин баробар, ҷаҳони зудтағйирёбанда, равандҳои сиёсӣ, зуҳуроти гуногун, мушкилоти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоиро дар пай дорад, ки ба тафаккури ҷавонон таъсир хоҳад гузошт. Ҷавонони Тоҷикистон низ аз ин таҳдидҳо эмин нестанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки мушкилот ва сарчашмаҳои таъсиррасон сари вақт муайян ва роҳи дурусти пешгириву бартарафсозии онҳо амалӣ гарданд.

 

Яке аз падидаҳои ҷомеаи муосир Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб мераванд. Интернет дастоварди бузурги инсоният дар асри 21 мебошад. Он ба сифати воситаи асосии иттилоърасон дар ҷаҳон баромад мекунад. Боиси зикр аст, ки ҳар пешрафте, ки инсон ба он ноил мегардад, ҷанбаҳои мусбату манфӣ дорад ва Интернет низ истисно нест.

Шабакаҳои иҷтимоии Интернет имкон медиҳанд, ки ҷавонон ба гурӯҳҳои илмӣ-фарҳангӣ, аз қабили химия, физика, мусиқӣ, тиб, адабиёт ва ғайра аъзо шуда, талаботи маънавиашонро қонеъ намоянд. Дохилшавии ҷавонон ба донишгоҳҳои кишварҳои дигар, ёфтани ҷойи кор тавассути рекламаҳо низ аз муфид будани Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ дарак медиҳанд. Номгӯйи чунин хосиятҳои мусбати Интернет зиёданд. Аммо, дар баробари ин, шабакаҳои иҷтимоӣ як қатор проблемаҳои ҷиддиро низ ба бор оварда, боиси ташвиш гардидаанд.

 

Вақтгузаронии барзиёд ва дар канор мондан аз олами воқеӣ яке аз паёмадҳои манфии Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Ин мушкилот бештар дар байни наврасону ҷавонон мушоҳида мегардад. Дар ин ҷо бемасъулияти волидон низ ба назар мерасад. Зеро ҳангоми соатҳо нишастани фарзандонашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ назорат намебаранд, ки ба чӣ кор машғуланд.

 

Ба ин хотир, ҷомеаи шаҳрвандиро зарур аст, ки шабакаҳои иҷтимоиро ба сифати рушди ҷаҳонбинии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандориву миллатдӯстӣ самаранок истифода намоянд. Муҳим аст, ки фарҳанг, анъанаҳои неки миллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври зурурӣ таблиғ шаванд. Маҳз ба ин восита метавон ҳувияти ҷавонону наврасонро тақвият бахшида, онҳоро аз бегонапарстию доми фиреби манфиатдорон наҷот дод.

 

Ҳ. ШИРИНОВ.

омӯзгори факултети информатика