Дар замони пуртазоди ҷаҳонишавӣ, ки ҳар гуна гурӯҳҳои хатарзову ифротгаро ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвишу таҳлука андохтаанд, лозим аст, ки тарбияи насли наврасу ҷавонро дар ҷойи аввал гузорем. Барои ин бояд муассисаҳои таълимӣробитаи хешро бо волидайн ҷиддан ба роҳ монанд.

 

Ҳамин гуна, аз рӯзҳои нахустини ба мактаб омадани кӯдакону наврасон омӯзгоронр мебояд ба таълиму тарбияи онҳо таваҷҷуҳи ҳаматарафа зоҳир намоянд ва ба пешрафту такомули донишу ҷаҳонбинияшон мусоидат кунанд. Яъне, дар ин зинаи таҳсилот бояд шавқу завқи хонандаро ба омӯзиш бедор намуд. Боис ба зикр аст, ки соли сипаришуда, бо дастуру супориши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» роҳандозӣ гардид. Ин ташаббус барои баланд бардоштани сатҳи маърифату фарҳанг ва вусъат бахшидани муҳаббати хонандагону донишҷӯён мусоидат менамояд. Инчунин, мо- омӯзгоронро ин ибтикор вазифадор мекунад, ки ба китобхонии насли наврас пайваста таваҷҷуҳ намоем ва шогирдонамонро барои мутолиаи китобҳои бадеӣҷалб созем.

 

Имрӯз раванди баргузории озмун нишон медиҳад, ки таваҷҷуҳи насли наврас ба омӯзиши китобу муроҷиат ба китобхонаҳо зиёд гардида, баҳри ба таври шоиста гузаронидани озмун тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Мо, омӯзгорон баҳри шавқманд намудани хонандагон дар доираи ҳамин як сол маҳдуд нагардида, сол то сол бояд таблиғу ташвиқи китобхониро вусъат бахшем. Зеро шахсе, ки аз айёми мактабӣба мутолиаю омӯзиш ҷалб мегардад, аз як тараф, донишу ҷаҳонбиниаш васеъ гардида, аз ҷониби дигар, авзои сиёсии ҷаҳонро зуд дарку маърифат мекунад ва ҳеҷ гоҳ ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротиву тундгаро намеафтад.

 

Мо, омӯзгорон бояд ба хонандагон бо пешниҳоди порчаҳои ҷолибу пурмуҳтавои китобҳои ба синну солашон мувофиқ шавқу рағбати онҳоро ба мутолиаи осори бадеӣбедор намоем. Агарчӣсолҳои пешин дастрасӣба китобҳои бадеӣ душвор буд, вале хушбахтона, имрӯз дастрас намудани осори бадеии ба синну соли хонандаи мактаб мувофиқ мушкилие надорад.

 

Хушҳол аз онем, ки тайи солҳои охир зери дастгирии Вазорати маориф ва илми кишвар адабиёти зиёди бадеӣба нашр расида, ба муассисаҳои таълимӣ супорида шуданд. Инчунин, рӯйхати асарҳои бадеӣбарои хонандагони ҳамаи синфҳо дар сомонаи Вазорати маориф ва илм ҷой дода шудааст, ки ҷӯянда метавонад тавассути дастрасӣба интернет китобҳои лозимаро мутолиа намояд.

 

Албатта, дар ин баробар, мо омӯзгорон масъулияти ба душ гирифтаамонро ҳис намуда, баҳри худогоҳ гардидани насли наврасу ҷавон ва китобдӯст шудани онҳо қувваи хешро ҳамаҷониба равона мегардонем.

 

Шамъигул БОРОНОВА,

омӯзгори гимназияи назди донигоҳ