Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони ИДМ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Ҳар он чӣ ки дар Тоҷикистон ба амал меояд, барои бисёр халқҳо ва кишварҳо намунаи ибрат аст.

Владимир ПУТИН, Президенти Федератсияи Русия

* * *

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ интизор буд ва умед мекашид, ки аз Мовароуннаҳр боз нафаре пайдо хоҳад шуд, ки тамоми форсу тоҷик дарзабононро аз нав дар Шарқ мутаҳҳид менамояд. Имрӯз ман мегӯям, ки он нафар Сарвари давлати Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аст.

Офтоби АСҒАР, профессор, устоди бахши форсии

Донишгоҳи ховаршиносии Панҷоби Покистон

* * *

Ҳар гоҳе ба таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол менигарем, симои азизе пеши назар меояд, ки дар худ симои миллат, орзую омоли миллат, хираду фарҳанги миллат, ояндаи накуи миллатро таҷассум кардааст. Чун ҳар бор номи ин азизро ба забон меорем, аз умқи дил ҳисси ифтихору сипос, умеду эътимод фавора мезанад. Ва ин эҳсоси як нафар нест, эҳсоси халқ аст.

Хуршеди ҶОВИД, корманди рӯзномаи «Ҷумҳурият»

 

Гирдоваранда.

Беҳрӯз ҲУСЕЙНОВ,

донишҷуи курси сеюми факултети филология