Таърих гувоҳ аст, ки дар тамоми кишварҳои дунё ҷавонон ба сифати як нерӯи пуриқтидори бунёдкор, пешбарандаи ҷомеа, шинохта ва эътироф шудаанд. Онҳо нерӯи азим ва ояндаи бақои умри ҳар як миллат ба шумор мераванд. Мутаассифона, имрӯз дар саросари дунё гурӯҳҳои ифротгаро бо истифода аз идеологияҳои гуногун барои ноил шудан ба манфиатҳои гурӯҳии худ фаъолиятҳои даҳшатнокро идома дода истодаанд.

 

Бояд қайд намуд, ки барои расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ гурӯҳҳои ифротгаро танҳо аз нерӯи ҷавонон ва наврасон истифода менамоянд, ки ин зарбаи ҷонкоҳ ба рушди ҳаёти осоиштаи ҷавонон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мезанад. Аз сабаби надоштани дониши динию дунявӣ ва паст будани мафкураи сиёсӣ баъзе аз ҷавонону наврасонро бо усулҳои гуногун фирефтаи худ намуда, дар зери ниқоби дини мубини Ислом барои ноилшавӣ ба манфиатҳои ғаразноки худ истифода менамоянд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон дода истодааст, ки баъди анҷоми ҷанги дуюми ҷаҳон бозингарони сиёсӣ ҳадафу стратегияи ғаразноки худро бо роҳҳои гуногун идома дода истодаанд. Бояд таззакур дод, ки чунин нақшаю барномаҳои ғаразнок аз охири қарни 20-ум ва оғози қарни 21- якум яъне замони муосир дар ҳоли рушд қарор дорад.

 

Мутаасифона, дар рӯзҳои аввалини соҳбистиқлолии мамлакати азизамон Тоҷикистон бо истифода аз надоштани таҷрибаи давлатдорӣ ва паст будани мафкураи сиёсӣ ва динии бисёре аз ҷавонони тоҷик душманону хоинҳои миллати тоҷик тавонистанд, ки кишварро гирифтори ҷанги таҳмиллӣ намоянд. Дар он рӯзҳо падар аз писар ва бародар аз бародар шубҳа менамуд, ки ин замон ё замони дигар кушта мешавам, хулоса ҳеҷ кас ба ҳеҷ гуна сохтори давлатию ғайридавлатӣ эътимод надошт. Дар он рӯзҳои сангин тамоми сохторҳои давлатӣ фалаҷ гардида буданд, ки ҳеҷ як идораи давлатию маъмурӣ кафолати таъмини амниятро бар душ намегирифт.

 

Худованд дар ҳар садсолаҳо барои наҷоти миллатҳо як нафар наҷотбахш ё мубалиғро ато менамояд, то ин ки миллатро сарҷамъ намояд. Барои миллати тоҷик он рӯзҳои хунин ҳеҷгоҳ фаромӯш намешавад, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар вилояти Ленинобод (ҳоло вилояти Суғд) абармарди сиёсиеро рӯи саҳнаи сиёсат овард, ки аз суханони нахустини худ гуфта буд, ки «Ман ба шумо Сулҳ меорам». Ин суханони инсондӯстонаи ӯ дар назари нотавонбинон ва хоинҳои миллат як хаёли бофта менамуд.

 

Бо гузашти рӯзҳо ва солҳо мардуми Тоҷикистон ва ҷаҳон имрӯз ин сиёсатмадорро ҳамчун сиёсатмадори ҷаҳонӣ эътироф менамоянд. Гуфтан ба маврид аст, ки имрӯз дастархони мардуми тоҷик пур аз нозу неъмати фаровон ва кабутари сулҳу субот дар авҷи парвозҳои баланд зери роҳбарии Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва месазад, ки мо, ҷавонон танҳо бо роҳи шукргузорӣ, сиёсати хирадмандонаи роҳбари давлатро дастгирӣ ва барои ободии кишвари маҳбубамон талош намоем. Ҳамаи мо бояд хуб донем, ки ҳеҷ як миллат барои мо кишвар бунёд намекунад ва танҳо барои манфиатҳои дохилии худ фаъолият менамояду халос. Дар ҳоле ки айни замон ҷомеаи башариро ҷунбишҳои сиёсию геопалитикӣ фаро гирифтааст аз тамоми ҷавонони мамлакат танҳо зиракии сиёсиро талаб менамояд.

 

Бе муболиға имрӯз бояд гуфт, ки Ҳукумати Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат, Эмомалӣ Раҳмон барои ободию осудагии мо, ҷавонон шабу рӯз заҳмат кашида истодааст. Чунин заҳмату талошҳои ҷавонмардонаи Пешвои миллат барои мо, ҷавонон боиси ифтихор ва сарбаландӣ ба ҳисоб рафта, дар ҷавоб бо ин ҳама ғамхориҳо мо ҳеч гоҳ ба ҳеч гуна ҳизбу ҳаракатҳои манфиатхоҳ шомил нахоҳем шуд.

 

Парвина НАСУРОВА,

донишҷӯи курси 5 факултети

сиёсат ва идораи давлатӣ