Учаскаи интихоботии №5 оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хавзаи интихоботии Бохтар 44 дар бинои Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, кӯчаи Айнӣ 67 ҷой гирифтааст.

Имрӯз бо иштироки Давлатзода Сайфиддин, ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав, Махфират Хидирзода, узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ва Амонулло Ашӯрзода, раиси ҳавзаи интихоботии Бохтар №44 аз ҷараёни омодагии учаскаи интихоботии №5-и донишгоҳ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии Бохтар №44 боздид ба амал оварданд.

Зимни боздид аз учаскаи интихоботии №5-и донишгоҳ Махфират Хидирзода, узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон изҳор дошт, ки учаскаи мазкур барои дар сатҳи зарури баргузор намудани интихобот мусоидат мекунад.

Бо ибтикори раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав «Гӯшаи иттилоотии интихобот -2020» таъсис дода шуд. Ҳадаф аз таъсиси гӯшаи мазкур бедор намудани маърифати интихоботии устодону донишҷӯён дар раванди маъракаи сиёсии кишвар, мебошад. Устодону донишҷӯён метавонанд аз маводҳои нашрнамудаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон доир ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотҳои заруриро пайдо намоянд.

Мавриди зикр аст, ки дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав учаскаи интихоботии №5 амал мекунад, ки ҳамаи он барои баргузории интихобот дар ҳолати омодабош қарор дошта, дар кӯчаву хиёбонҳо, маҳалҳо, дар биноҳои учаскаҳои интихоботӣ ва дар ҷойҳое, ки мардум зиёд мебошанд, варақаҳои тарғиботиву ташвиқотӣ часпонида шудааст. Дар донишгоҳ райъдиҳандагон 1980 нафарро ташкил медиҳад.

Маркази таҳлилӣ – иттилоотии ДДБ