Дар гурӯҳи 305-и ихтисоси рӯзноманигории факултети филологияи тоҷик дарси кушоди саромӯзгори кафедраи рӯзноманигори Сангимурод Шарипов аз фанни “Техника ва технологияи воситаҳои ахбори омма гузаронида шуд.  Мавзӯи дарс “Техникаи телевизионӣ барои сабти берун аз студия” унвон дошта дар шакли лексия гузаронида шуд. Дар дарс мудирони кафедараҳои факултети филологияи тоҷик ва 20 нафар омӯзгорони факултетҳои донишгоҳ иштирок доштанд.

Омӯзгор Шарипов Сангимурод дар рафти дарс ба риояи дастури одоби салом, пурсиши дарси гузашта аз усулҳои гуногуни интерактивии таълим аз қабили муҳокимаи умумӣ, пурсиши фаврӣ, кори инфириродӣ дарсро бо як маҳорати баланди педагогӣ гузаронид. Аз ибтидо то интиҳои дарс, ки хеле диққатҷалбкунанда буд, иштироки фаъоли донишҷӯён ва маҳорату малакаи омӯзгор С. Шарипов эҳсос карда мешуд.

Дарс бо презентатсия ва айёнияташ ба қоидаҳои маъмули педагогӣ ҷавобгӯ буд. Ҳамаи паҳлӯҳои мавзӯъ пурра таҳлил карда шуд. Омӯзгор бо риояи меъёрҳои забони адабӣ ва лаҳни бурро ба донишҷӯён муроҷиат менамуд ва мавзӯи дарсро мефаҳмонид.

Дарсро Муродов Сафиалло, нозири гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот ҷамъбаст намуда, ба донишҷӯён барои иштироки фаъолонаашон ва ба омӯзгор С. Шарипов барои дар сатҳи баланд гузаронидани дарси кушод изҳори миннатдорӣ намуд.

Ҳангоми таҳлили дарс мудири кафедраи рӯзноманигорӣ н.и.ф. Маҳкамова Дилором ва С. Маҳмадалиев, мудири кафедраи методикаи таълими забон ба омӯзгор маслиҳатҳои муфид ва судманд доданд.

              

 

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ