Дар Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Алимов Давлаталӣ Халилович, мудири кафедраи таърихи умумии донишгоҳ рисолаи докторӣ дифоъ намуд.

Давлаталӣ Алимов, номзади илмҳои таърих, дотсент, мудири кафедраи таърихи умумии Донишгоҳи давлатии Бохтар, ки дар мавзӯи “Азхудкунии заминҳои навкорами ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон дар солҳои 20-80-уми асри ХХ”,  зери роҳбарии профессор Абулҳаев Рақиб рисолаи докториашро бомуваффақият дифоъ намуд.

Аҳли омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ барои соҳиб шудан ба дараҷаи илмии доктори илмҳои таърих табрик намуда дар фаъолияти илмияшон дастовардҳои беназирро таманно менамоянд.

 

 

 

Маркази таҳлилӣ – иттилоотии ДДБ