Дар факултети филологияи тоҷик ба хотири бузургдошти сардафтари адабиёти форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ соати тарбиявӣ дар гурӯҳи 202-и ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик таҳти унвони “Рӯзгор ва осори Абӯабдулои Рӯдакӣ” доир шуд, ки дар он муовини ректор оид ба таълим ва омӯзгорони факултетҳои донишгоҳ иштирок доштанд.

Нахуст, Саъдулло Ҳакимов, омӯзгори кафедраи адабиёти тоҷик дар бораи рӯзгор ва осори устод Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ ба донишҷӯён маълумот дода зикр намуд, ки давраи адабиёти забони форсии нав, ки машҳур ба забони дарӣ аст, бо давраи салтанати Сомониён ва бо номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ алоқаманд аст.

Саъдулло Ҳакимов, қайд намуд, ки Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар Ибни Муҳаммад Рӯдакӣ, бино ба маъхазҳо, соли 858 дар рустои Панҷрӯди ноҳияи кунунии Панҷакент ба дунё омадааст. Ӯ дар даврони шукуфоии давлати Сомониён ба сар бурда, бахусус дар даврони аморати Насри Сомонӣ аз сӯи ин хонаводаи ҳоким марҳамати зиёд дид ва дар Бухоро дар дарбор ба сар бурд. Сомониён Рӯдакиро ба унвони тавонотарин шоири он даврон лақаби “Маликушшуаро” дода буданд. Аммо Рӯдакӣ дар поёни умраш ба зодгоҳи худ -Панҷрӯд – баргашт ва дар соли 941 дар ҳамин ҷо аз ҷаҳон даргузашт ва дафн шуд.

Инчунин, донишҷӯён порчаҳои шеърии устод Абӯабдулоҳи Рӯдакро қироат намуданд.

Дар охир Қ. Абдураҳимзода, муовини ректор оид ба таълим иброз дошт, ки осори Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ҳамеша пур аз ҳикмат, пур аз таҷрибаи рӯзгор ва санъати олии шеърӣ буда, то имрӯз ҳазорҳо шоирону адибонро тарбия кардааст.

Маврид ба ёдоварист, ки аз соли 2002 инҷониб дар Тоҷикистон ҳамасола рӯзи 22-уми сентябр зодрӯзи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ – сардафтари адабиёти форсӣ-тоҷикӣ, шоири қарнҳои 9-10 таҷлил мешавад.

 

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ