Тибқи нақшаи чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо мақсади беҳдошти фазои экологӣ ва ба роҳ мондани корҳои ободонӣ шанбегӣ гузаронида шуд.
Дар шанбегӣ омӯзгорони факултетҳо ва кормандони ёрирасони донишгоҳ фаъолона иштирок намуданд ва бо тозаю озода намудани синфхонаҳо, роҳравҳоро рубучин, бехи дарахтонро нарм, ба тартиб овардани майдонҳои варзишӣ ва тамиз кардани саҳни факултетҳои донишгоҳ саҳми худро дар ин маъракаи муҳим гузоштанд.
Дар натиҷа аз ҷониби иштирокчиёни ин ҳашари умумидонишгоҳӣ як қатор корҳои тозагиву ободонӣ гузаронида шуда, инчунин дар майдону гулгаштҳо корҳои нармкунии замин ва сабзкорӣ низ ба анҷом расонида шуд.
Ин иқдом идомаи анъанаҳои наҷиби ниёгонамон бобати беҳдошти муҳити зист мебошад, зеро тоза нигоҳ доштани атроф, пайравӣ ва саҳмгузорӣ дар амали хайр аст.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ