Оё ман ҳуқуқи дар интихобот иштирок карданро дорам?

  • Бале, агар Шумо шаҳрванди Ҷумҳури Тоҷикистон бошед ва то рӯзи интихобот синнатон ба 18 расида бошад, ҳуқуқи иштирок карданро доред.

Кай ва дар куҷо ман бояд овоз диҳам?

  • 11 октябри соли 2020 аз соати 6:00 –и субҳ то 20:00- и бегоҳ Шумо ҳуқуқ доред дар учаскаи интихоботи маҳаллаи зист (масалан, дар бинои мактаби маҳалла) овоз диҳед. Комиссияи учаскавии иншихобот на дертар аз 5 рӯз то интихобот Шуморо дар бораи ҷой ва вақти овоздиҳӣ бо хабарнома огоҳ месозад.

Дар рӯзи овоздиҳӣ ман кадом ҳуҷҷатро бояд бо худ дошта бошам?

  • Дар рӯзи овоздиҳӣ ба шумо бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, корти идентификатсионӣ, шиносномаи дипломатӣ, хизматӣ ва ё умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти хизматчии ҳарбӣ, шаҳодатномаи ронандагӣ, шаҳодатномаи хизматб, шаҳодатномаи иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадори меҳнат (шахсони ба онҳо баробаркардашуда), шаҳодатномаи маъюбӣ, билети донишҷӯ, ҳарбӣ) бюллетени овоздиҳӣ дода мешавад. Бе ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бюллетен дода намешавад.

Чӣ гуна бояд овоз дод?

  • Баъд аз ворид шудан ба бинои овоздиҳӣ ба назди аъзои комиссияи участкавии интихобот рафта, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсиятро пешниҳод намоед;
  • Дар муқобили насабу номи худ дар рӯйхати интихоботкунандагон имзо гузоред;
  • Узви комиссияи участкавии интихобот ба шумо бюллетени интихобот медиҳад;
  • Пас аз гирифтани бюллетени интихобот ба ҳуҷраи (хонаи) овоздиҳии пинҳонӣ дароед ва бовар ҳосил кунед, ки Шумо дар он ҷо танҳоед;
  • Бо мазмуни бюллетени интихобот шинос шавед;
  • Дар бюллетени интихобот дар квадрати холӣ, дар муқобили насаб, ном ва номи падари номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мехоҳед ба тарафдориаш овоз диҳед, аломати ҷамъ + гузоред;
  • Агар Шумо бар зидди ҳамаи номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз доданӣ бошед, дар бюллетени интихобот, дар квадрати холии сатри “муқобили ҳамаи номзадҳо” аломати ҷамъ + гузоред;
  • Бюллетени пуркардашударо ба қутии интихобот партоед.

Оё падару модар, ҳамсари ман ё ягон каси дигар метавонанд ба ҷойи ман овоз диҳанд?

  • Ҳаргиз не! Падару модар, ҳамсари шумо, фарзандон ва ягон каси дигар наметавонад ба ҷойи шумо овоз диҳад. Шумо низ ба ҷои онҳо овоз дода наметавонед.