Яке аз ниҳодҳои асосии ҷомеаи демократӣ ин интихобот ба ҳисоб меравад, ки тибқи он тамоми мардум махсусан шаҳрвандони кишвар новобаста аз ҷинсият ва қавмият нафарони аз 18 сола боло, ки шаҳрвандии ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд ба интихобот ширкат варзида, ба тарафдории номзади арзандаи хеш райъи хешро пешниҳод менамоянд. Мардумсолорӣ ки решаҳои таърихӣ дорад, ҳанӯз аз фарҳанги юнони бостон маншаъ гирифта, дар замони нав ба яке аз муҳимтарин ва беҳтарин шакли идоракунии сиёсии ҷомеа гардид.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз расидан ба Истиқлолият демократикунонии ҳаёти ҷомеа боз ҳам тақвият ёфт ва бо ташаккул ёфтани ниҳоди идоракунии Президентӣ ва ҷорӣ шудани он дар кишвар солҳои 90-уми қарни гузашта аввалин интихоботҳое, ки ба тарзи алтернативӣ номзадҳо ба курсии Раисҷумҳур пешниҳод шуда буданд, аз тарафи мардум пазируфта шуданд. Ҳамин тавр, тариқи райъпурсӣ қабул шудани конститутсия, тағйиру иловаҳо бар он ва интихобот ва райъпурсии парлумонӣ ба маротиб такрор шуда, дар чорчубаи қонунгузорӣ ва қонунҳои байналмилалӣ баргузор гардидаанд.

Мусаллам аст, ки ҳар ниҳоди иҷтимоӣ дар ҷомеа зина ба зина ташаккул ёфта татбиқи  он боз ҳам дар зинаҳои болотар ба роҳ монда мешавад ва меъёрҳо ва шафофияти он низ такмил меёбад. Дар Тоҷикистон низ тайи солиёни Истиқлолият интихобот ва райъпурсӣ зина ба зина такмил ёфта он ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шудаистодааст. Дар ҳар давраи интихоботӣ комиссияи марказии интихоботии ҷумҳурӣ бо назардошти пешниҳодҳои созмонҳои минтақавӣю ҷаҳонӣ ва меъёрҳои қонунгузории кишвар раванди интихоботро муаян месозад.

 Тайи солиёни истиқлолият дар ҷумҳурӣ бо назардоши меъёрҳои давлати демократию дунявӣ ҳизбҳои гуногун, ки ҳар кадоме дорои барномаву оинномаи хеш аст, вориди майдони сиёсӣ гардида, барои расидан ба ҳадафҳои худ бо роҳи мусолиматомез мубориза мебаранд. Имрӯз дар Тоҷикистон пюлиаризми ақидатӣ ҷой дошта ҳизбҳои гуногун амал менамоянд, ки ҳар яке барномаи хешро дошта, ҷиҳати расидан ба ҳокимияти сиёсӣ аз роҳҳои мухталиф истифода менамоянд.

Айни ҳол, кишвар дар пешорӯи интихоботи Президентӣ қарор дорад ва дар он ҳизбҳои сиёсии кишвар вориди корзори интихоботӣ гардида, намояндагони хешро пешниҳод намудаанд. Ҳоло дар сар то сари ҷумҳурӣ чӣ дар ҳавзаҳои як мандатӣ ва чӣ байни ҳизбҳои сиёсӣ номзадҳои алтернативӣ пешниҳод гардидаанд ва ҳамарӯза тибқи реҷаи тасдиқ намудаи комиссияи Марказии интихоботӣ барномаи хешро пешниҳод намуда, бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор менамоянд. Ҳамчунин баҳсҳои байни намояндагони ҳизбҳои гуногун сурат гирифта барои ҳамаи онҳо шароити якхела ҷиҳати таблиғи барномаи пеш аз интихоботии фароҳам оварда шудааст ва онҳо имкон доранд, аз рӯи меъёри муқаррар намудаи қонун тавассути расонаҳо, аз ҷумла радиову телевизион, рӯзномаҳо инчунин аз тариқи сомонаҳои интернетӣ таблиғи барномаи пешазинтихоботии хешро ба роҳ мондаанд. Ҳамчунин ҳамарӯза тавассути шабакаҳои телевизионӣ тартиби баргузории интихобот меъёрҳои он ҷиҳати фаҳмондадиҳӣ ва ба қонуншиканӣ роҳ надодан аз тарафи мутахассисон ва ҳуқуқшиносон доир карда мешавад, ки ин имкон медиҳад, сатҳи худшиносии ҳуқуқии мардуми кишвар боло бурда шавад. Онҳо дар равандҳои сиёсӣ фаъолона ширкат намоянд ва номзади арзандаи хешро барои  фаъолият намудан дар парлумон ва қабул намудани қонунҳое, ки минбаъд тавонанд ба манфиати гуруҳҳо ва табақаҳои мухталифи иҷтимоӣ хизмат намоянд, райъи хешро равона созанд.

Ҳоло дар саросари кишвар ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ таъсис дода шудаанд, ки ҳамарӯза дар онҳо комиссияи интихоботӣ амал намуда омодагии хешро барои баргузории интихобот пурра таъмин намуданд. То ба имрӯз барои ҳамаи ҳизб сиёсӣ ва номзадҳои алоҳидаи худпешбар имкониятҳои якхелаи ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда ҳеҷ гунна табъизи ҳуқуқию сиёсӣ ҷой надорад. Айни ҳол аз ҳудуди давлатҳои муштараку манофеъ сад нозир ҷиҳати мушоҳида намудани шаффофияти интихоботи парлумонии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори омодагӣ ва широкат намудаанд. Ҳамчунин ниҳодҳои байналмилалӣ ва кишварҳои дигар низ сайъ доранд то шаффофияти интихоботро назорат намоянд. Ҳамчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қонунҳои байналхалқӣ омодааст нозиронро аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ҷиҳати назорати шаффофияти интихобот пазироӣ намояд.

Аз ҳама муҳим рӯҳияи мардуми кишвар руҳияи мусбатгароёна аст ва онҳо дар саросари кишвар ба ин раванди муҳими сиёсӣ ки 7 соли дигар кадом ҳизбу номзадҳо дар сари қудрат буданро муайян месозад, бетараф нестанд. Онҳо хуб медонанд, ки сарнавишти ояндаи кишвар аз интихоби огоҳонаи онҳо вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ ҳама талош меварзанд, то дар вохӯрии номзадҳо ширкат варзида, барномаҳои онҳоро мавриди омӯзиш қарор дода, суолҳо ва мушкилоти хешро ба онҳо дар миён гузоранд. Ин нишондиҳандаи он аст, ки мардуми кишвар сатҳи баланди худшиносии ҳуқуқиву сиёсиро доранд ва барои сарнавишти ояндаи кишвар бетараф нестанд.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ