Барои ба дилу дидаи мардум роҳ ёфтан солҳо заҳмат мекашиву меҳнат мекунӣ, то садрнишини маҳфиле гардӣ. Профессор Ҳасани Муродиён низ аз зумраи ашхосе мебошад, ки аз чашмаи маънавиаш ба ташнагони  роҳи фазлу хирад об нӯшонидааст. Дар масири илм дасти  ҳазорон шогирдро гирифтаву онҳоро ба қуллаи мақсуд расонидааст. Мактаби устоду шогирдро ташкил намудаву ба чандин нафарон сабақи зиндагӣ омӯхтааст. Имрӯзҳо чакидаҳои хомаи афсунгараш роҳи ҳазорон нафарро рӯшан намудаву сафинаи осораш  дар баҳри беканори сухан ғуттавар гардида, роҳи пурпечутоби зиндагиро ба дигарон омӯхтаааст. Ин марди хирад гардиши айёмро хуб дарк намуда, ҳаракаткуниҳои се ақрабаки соатро самараноку муфид истифода намудааст.  

 

Муродиён  Ҳасан  Ғуломзода 20-уми сентябри соли 1958  дар ноҳияи  Вахш  ба дунё омадааст.  Хатмкардаи  мактаби   миёнаи рақами 11, ноҳияи Вахш, фориғуттаҳсили Донишгоҳи  давлатии Кӯлоб  ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1979)  мебошад. Дар  вазифаҳои  муаллими  забон  ва  адабиёти  тоҷик  (1979, 1981-1989), ҷонишини директор (1979-1981) ва директори мактаби миёнаи  рақами  33,  ноҳияи  Вахш  (1989-1992), саромӯзгор (1992-2006), дотсент  (2006), мудири кафедраи  адабиёти  тоҷик (1994-1998), ноиби ректор оид  ба илм (1998-2001), декани факултаи таҳсилоти  ибтидоии  Донишгоҳи давлатии  Бохтар  (2001-2006) ва  сардори  Раёсати  маорифи  вилояти Хатлон (2006-2008) кор кардааст. Аз соли 2008 то ҳозир мушовири ректори ДДБ ба номи  Носири  Хусрав  мебошад.

 

Доктори  илмҳои  филологӣ (2010), профессор, номзади  илмҳои педагогӣ (1996), узви иттиҳоди журналистони Тоҷикистон (2001) буда, муаллифи  беш аз 35 рисолаҳои илмию методӣ, китобҳои дарсӣ ва омӯзномаҳо, аз ҷумла рисолаҳои  «Забони  хуни  мо  бояд  шавад  бедор» (Қӯрғонтеппа, 1992), «Маҳфили  адабӣ – кишваршиносӣ» (Қӯрғонтеппа, 1996), «Таҳаввули  нутқи  хонандагон  зимни  маводи  кишваршиносӣ» (Душанбе, 1997), «Кишваршиносии  адабии  фориғ  аз  дарс» (Душанбе, 1997), «Кишваршиносии  адабии  тоҷик  ва  таълими  ҳамгироӣ» (Душанбе, 1998), «Боргоҳи  маърифат  дар  Вахшонзамин» (Душанбе, 1998), «Фурӯғи  ирфони  Вахшонзамин» (Душанбе, 2003),  «Шаҳпари  инсон» (Душанбе, 2003), «Фархундапай» (Душанбе, 2006), «Ифтихори  ватандорӣ» (Душанбе, 2007), «Тоҷикистон Шиноснома» (Душанбе, 2007), «Мазмун  ва  мундариҷаи  маснавии  Мирзо  Абдулқодири  Бедил «Фараснома» (Душанбе, 2008), «30 соли дирӯз ва имрӯзи ДДҚ» (Душанбе, 2008), «Тасвири  ҳамбастагии  инсон  ва  олами  ҳайвонот (дар мисоли асп) дар  адабиёти  форсу  тоҷик» (Душанбе, 2009), «Чиҳил  соли  азми  синоӣ» (Душанбе, 2010), «Конь в пространстве персидско–таджикской литературы» (Душанбе, 2013), «Худомӯзи Қуръони маҷид» (Қӯрғонтеппа, 2013), «Расмулхати бобоӣ» (Душанбе, 2015), «Аз тамрин то тамкини сухан» (Душанбе, 2015), «Фолклори бачагонаи тоҷик» (Душанбе, 2015), «Саволномаҳои  тестӣ  аз  фанни  фолклори  тоҷик (Қӯрғонтеппа, 2015), «Шуълаест, к-аз дуд фориғ» (Душанбе, 2016), «Шоистаи таҳсин» (Душанбе, 2016), «Кишваршиносии адабии тоҷик» (Душанбе, 2016), «ДДҚ ба номи Носири Хусрав – зодаи Истиқлолият»  (Душанбе, 2016), «Ғафур Мулло. Соҳили дарёи дил» (Душанбе, 2016), «Ифтихори ватандорӣ. Китоби дарсӣ барои дарсҳои тарбиявии синфи 5» (Душанбе, 2016), «Саҳбо. Соғари Саҳбо» (Душанбе, 2018),  «Кишваршиносӣ ва сайёҳӣ» (Душанбе, 2018),  «Ғафур Мулло. Булбул, бисаро» (Душанбе, 2018), «Шодмон  Шерзод. Шамими субҳ» (Душанбе,2018), “Шаст мақола”(Душанбе:Ирфон, 2019, 432 с.) ва  зиёда  аз  200  мақолаҳои  илмию  методӣ  мебошад.

 

Бо мукофотҳои давлатии медали «Барои меҳнати шоён» (1978, айёми  донишҷӯӣ), унвони  ифтихории  Корманди  шоистаи  Тоҷикистон (2014) ва соҳавии ҷоизаҳои  ба  номи  Н.К. Крупская (1988), ба номи Ҷалолиддини Балхӣ (2016), унвони  муаллим – методист (1987),  нишонҳои  Аълочии  маориф,  фарҳанг  ва  матбуоти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  қадршиносӣ  шудааст.

Дар ҷодаи илм ба ин шахсияти арзанда барору муваффақият хоҳонем. Бигзор ҳамеша кабӯтари иқбол дар болои сарашон парафшонӣ кунад. Дар қалб чӣ орзӯе дошта бошанд ҷомаи амал пушанд. Дар ҳалқаи фарзандону наберагон хушиқболу бахтиёр монанд. Зодрӯз муборак, устоди гиромиқадр!

 

Ҳазор сол бизӣ, сад ҳазор сол бизӣ…

 

Мавзуна КАРИМОВА,

омӯзгори факултети филологияи тоҷик