Имрӯз 23-юми сентябри соли 2020 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки  Холмурод Раҷабзода, муовини ректор оид ба тарбияи донишгоҳ ва Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ бо донишҷӯён фаъоли донишгоҳ сурат гирифт.

Нахуст, Холмурод Раҷабзода, муовини ректор оид ба тарбияи донишгоҳ чорабиниро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки бо ҳидоят ва дастгириҳои Пешвои миллат дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар самти дастгирии ҷавонон тадбирҳои ҳадафманд андешида шуда, ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи хоса ва ҳамарӯза зоҳир мегардад.

Дар идомаи суханронӣ Холмурод Раҷабзода иброз намуд, ки қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» собит сохт, ки Ҳукумат дар сиёсати худ ба ҷавонон такя карда, тарбия намудан ва ба камол расонидани насли ҷавону созандаро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ медонад. Ҷиҳати расидан ба ин ҳадафи олӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон як қатор барномаву стратегияҳои давлатӣ доир ба дастгирии ҷавонон, баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии ҷавонон қабул гардида, босамар амалӣ шуда истодаанд.

Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба нақши Пешвои миллат дар ҳифз ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, хизматҳои тақдирсоз ва содиқона дар назди халқу Ватан баҳри расидан ба ормонҳои миллӣ, эҳтирому гиромидошти арзишҳои миллӣ, соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии давлат, таҳдиду хатарҳои замони муосир, хусусан, паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва пайомадҳои ногувори онҳо ба саломатии аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ, зуҳуроти номатлуби терроризму экстремизм, ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, инчунин ҷиҳати ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат ибрози андеша намуд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи вохӯрии худ зикр намуд, ки имрӯз аз ҷониби роҳбарияти Ҳукумати Тоҷикистон ҷавононе, ки дорои қобилияти баланд буда, ташаббускору донишманд ҳастанд, дастгирии ҳамаҷониба менамоянд.

“Ҳамарӯза ба ҷавонон муносибати ҷиддӣ равона шуда, қонеъ гардонидани талаботи ҷавонон дар меҳвари асосии сиёсати Президенти мамлакат қарор дорад ва бешубҳа ба ин қишри ҷомеа дар татбиқи сиёсатӣ давлати такя месозанд. Ҷавонони фаъол, донишманд, бедордили кишвари соҳибистиқлоли мо, ки масъулияти зиёдро ба дӯш дорем, бояд бо набзи ҳаёт ва асри нав ҳамқадам бошем, бо ҳисси баланди миллӣ, ифтихори ватандорӣ, ташаббусу қобилиятҳои наҷиб ба хотири пешрафти Ватани азизамон саъю талош намоем”- зикр кард Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Сипас, таъкид дошт, ки дар партави дастуру супоришҳо ва сиёсати хирадмандонаву ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ ҳамаи иқдому ташаббусҳои ҷавононро мунтазам ва ҳаматарафа дастгирӣ намуда, бо мақсади баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлатии ҷавонон ва фаъолгардонии иштироки онҳо дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ тадбирҳои судмандро роҳандозӣ менамояд.

Ҳамчунин, дар ин вохӯрӣ чанде аз устодону донишҷуён ба сухан баромада, ҷонибдории амиқ намуданд, ки нерӯи ҷавонон дар интихобот муҳим аст ва ба хотири иҷрои масъулият ва қарзи шаҳрвандии худ дар ташкилу баргузории Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок менамоянд.

 

 

Маркази таҳлилӣ – иттилооти ДДБ