Дар толори Раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ мулоқот таҳти унвони “Ҷавонон, интихобот ва манфиатҳои миллӣ”  аз ҷониби кормандони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  оид ба ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикисотон вохӯрӣ доир гардид.

Беҳрӯз Бобоев, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, зимни вохӯрӣ  қайд гардид, ки дар Барномаи мазкур дар доираи дигаргуниҳое, ки солҳои охир дар кишвар ва ҷаҳон ба амал омадаанд ва бо дарназардошти дурнамои  ҳафт соли оянда (2021-2027) таҳия шуда, ба ҳалли масъалаҳои  муҳимми ҷомеа, аз ҷумла таъмин намудани рушди устувори  иқтисодӣ, саноатикунонии босуръат, ҷорӣ кардани иқтисоди рақамӣ,  истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, рушди неруи инсонӣ ва  таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ равона мегардад.

 

Ватаншо Асадуллозода, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, оид ба дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии муҳими сиёсӣ- интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, аз донишҷӯёни фаъол даъват ба амл овард, ки дар ин чорабинӣ фаъолона иштирок намуда, овози худро ба номзади арзандаи ҲХДТ диҳанд.

 

Саидшо Асроров, мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони Куммитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, иброз дошт, ки Пешвои миллат барои мо ҷавонон арзандатарин номзад буда, хизматҳиои шабонарӯзии ин фарзонафарзанди миллат ҳеҷ гоҳ аз ёди миллати ҷафокашидаи тоҷик намеравад. Хизматҳои шоёни ин абармарди ҷасуру нотарс буд, ки алорағми ҳама мушкилот гардида, Тоҷикистонро ба биҳишти рӯйи олам мубаддал гардонид.

 

Бо назардошти гуфтаҳои болозикр намояндагон мардумро ба интихоби дуруст ва ояндасози кишвар, ки рӯзи 11 октябри соли равон баргузор мегардад, даъват намуда, хоҳиш кардаанд, ки аз ҳуқуқу уҳдадориҳои худ дар раванди интихобот истифода баранд ва ба ҷонибдории номзади арзандаи худ овоз диҳанд.

 

Наргис  Нурализода, раиси бонувони донишгоҳи ДДБ ба номи Носири Хусрав зимни баромади хеш қайд намуданд, ҳангоми ворид шудан ба майдони сиёсат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як фурсати кӯтоҳ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки дар он шабу рӯз мардумро парешониву Тоҷикистонро нобудӣ таҳдид мекард, хотима бахшиданд. Миллати парешонгаштаро сарҷамъ намуданд, Тоҷикистони парокандаро ба ҳам оварданд.

Дар охир донишҷӯён иброз доштанд, ки дар интихобот фаъолона иштирок намуда,  раъйи худро ба номзади арзандаи ҲХДТ медиҳанд.

 

 

 

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ