Бо истиқоматкунандагони хобгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз ҷониби мудир ва омӯзгорони кафедраи педагогика ва психологияи донишгоҳ вохӯрӣ дар мавзӯи “Моҳият ва аҳамияти муошират ва муносибати солим дар ҳаёти инсон” гузаронида шуд.

Нахуст Қудратулло Абдураҳимзода, муовини ректор оид ба корҳои таълим,  мудири кафедраи педагогика ва психологияи донишгоҳ,  зикр намуд, ки одоби муошират ва муносибат дар ҷомеа мавқеи аввалиндараҷа дорад. Аз ин рӯ, муносибатҳо метавонанд хуб ё бад, солим ё носолим бошанд. Агар муносибат солим бошад одамон талабот ба муоширатро ҳис мекунанд ва ғамгин мешаванд агар ҷудошавӣ ногузир бошад. Барои муносибатҳои носолим гумонбарӣ, худпарастӣ, хоҳиши назорат намудан, мутеъ гардонидан хос бошад.

Дар идомаи суханронӣ зикр намуд, ки принсипҳои муносибатҳои солим ба се қисм тақсим мешвад:

  1. Робита – ҳама вақт ба муошират кушода будан, одамгурез нашудан, он чизе, ки шуморо дар ташвиш мондааст муҳокима намуданро ифода мекунад.
  2. Якҷояшавӣ – барои ноил шудан ба мақсади умумӣ ҳамчун як даста фаъолият намудан аст:
  3. Созиш – зарурати ғамхорӣ намудани на танҳо манфиатҳои худ, балки манфиати одамони бо шумо рафту омаддоштаро ифода менамояд.

 

Дар фарҷоми вохӯрӣ Қудратулло Абдураҳимзода, муовини ректор оид ба корҳои таълим ба истиқоматкунандагони хобгоҳ оид ба пешгирии бемории сирояти коронавирус ҳарф зада, масъулин  таъкид намуданд, ки риояи гигиенаи шахсӣ роҳи пешгирии ин вабост.

 

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ