Боиси ифтихор  ва сарфарозист, ки мо дар фазои сулҳу субот, ваҳдату якдилӣ зиндагӣ ва кору фаъолият намуда истодаем. Чи гунае, ки медонем, хиёнат ба Ватан, хиёнат ба модару хоҳар ва хешу ақрабо аст. Боиси таассуф аст, ки ин ҳама пешравию дигаргуниҳоро баъзе шахсон нодида гирифта, дар миёни мардум ақидаҳои носолимро паҳн карда, ба ин васила мехоҳанд тинҷию оромиро дар мамлакати мо халалдор намоянд.

Тавре аз филми ҳуҷҷатии ”Хиёнат” маълум гардид, аъзоёни собиқ ҲНИТ дар замони фаъолият манфиатҳои худро нисбати манфиатҳои давлату миллат боло гузошта, барои ба даст овардани ҳокимият ҷанги шаҳрвандиро дар ҷумҳурӣ ташкил намуда, миллати тоҷикро пароканаю сарсон намуданд. Имрӯзҳо низ дар замони истиқлолият наҳзатиҳо мехоҳанд аз сари нав боз ҳамон ақидаҳои ифротгароёнаи худро дар миёни мардум паҳн намуд, оромиро дар ҳудуди мамлакати мо аз миён баранд.

Пас аз тамошои филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” мардуми тоҷик бори дигар аз хиёнату разолат, ҷаҳолату ваҳшоният, қатлу куштор, ноодамиву бедодгариҳои собиқ  ҲНИТ огоҳ шуданд.

Мо-насли ҷавонро мебояд мураккаб будани вазъи  ҷаҳони муосирро эҳсос намуда, барои бартараф намудани ҳамагуна таҳдиду хатарҳои берунаву дохила, ки ба амнияти милливу давлатӣ ва суботи ҷомеа таҳдид менамояд, омода бошем.

Танҳо ҳамбастагию ҳамдилии мардум, хусусан ҷавонон, ки яке аз неруи бузурги ҷомеа ба ҳисоб мераванд, метавонад дар муқобили ҳама дастаҳои ҷиноятпеша ва гурӯҳҳои манфиатҷӯй истодагарӣ намоянд ва ба амал нуқта гузошта, амнияти шаҳрвандонро дар оянда кафолат диҳанд.

Мо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намесозем, ки обрӯю эътибор ва нангу номуси мо дар ҷомеаи байналмилалӣ аз ватандории мо сарчашма мегирад.

Табақаи ҷовони ҷомеа хуб медонанд, ки то ба ин рӯзи пурсаодат расидан ва истиқлолияту ваҳдатро ба даст овардан, садҳо ва ҳазорҳо нафар ҷовонон ва фарзандони ин миллат ҷонбозиҳо карда, ниҳоят истиқлолияту ваҳдат ва сулҳу субот насиби мардуми кишвар гардид.

Бо иродаи қавӣ, масъулияти бузурги ватандорӣ месозад, ки дар замири ҷавонон меҳри ватансозию бунёдкориро бедор карда, садоқат ба Ватану Модар, иттиҳоду ҳамгироӣ, якдилию ҳамбастагиро мустаҳакам  намуда, барои рушду тараққиёт, пешрафту муваффақият ва ба даст овардани музаффариятҳои комил, ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат онҳоро тарбия намоем.

Мо- омӯзгорони факултети сиёсат ва идораи давлатӣ ҳамчун ҷавонмардони ҷонфидои миллат дар паҳлуи роҳбари ягонаи худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истода, барои боз ҳам баландтар гардидани шаъну эътибори миллати худ ва аз ин ҳама ободу зебо шудани кишвари азизамон содиқонаву софдилона меҳнат менамоем.

Боварии комил дорем, ки ҷовонони хирадпеша ва ватандӯсти диёрамон амалҳои хиёнаткоронаи наҳзатиёнро якдилона маҳкум намуда, баҳри саҳмгузорӣ дар рушду нумӯи кишвари азизамон бештар аз имрӯза саъю талош меварзанд.

Самандар Раҷабализода,

омӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ

ва муносибатҳои байналмилалӣ