Фаъолияти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар зарфи зиёда аз 40 соли мавҷудияташ дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси омӯзгорӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ба ҳамагон маълум аст. Донишгоҳ санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору фармонҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, барномаҳои дурнамои ҳукумативу Вазорати маориф ва илмро дар иртибот ба илму маориф дастурамали кори худ қарор дода, дар татбиқи амалии онҳо дар қатори дигар таълимгоҳҳои олии номдори кишвар ҳиссаи сазовори худро гузошта истодааст.

 

Айни замон ҳадафи асосии донишгоҳ чунин аст:

– таъмини босифати таълиму тарбияи мутахассисони рақобатпазири самтҳои омӯзгорӣ, иқтисодиву соҳибкорӣ аз дараҷаи бакалавр то доктор (PhD) ва доктори илм, тадриҷан воридшавӣ ба фазои ягонаи ҷаҳонии таҳсилот тавассути татбиқи пурраи низоми таҳсилоти кредитӣ, корбасти тарзу усулҳои фаъол ва пешқадами таълим.

 

Бо ин мақсад дар 12 факултети донишгоҳ аз рӯи 65 ихтисос мутахассис тайёр карда мешавад. Инчунин ба сохтори донишгоҳ қисмҳои таркибии он – коллеҷи омӯзгорӣ ва гимназия, муассисаи таълимӣ-касбӣ дар ноҳияи Хуросон низ шомил аст, ки фаъолияти онҳо дар асоси қонунҳои роиҷ ба роҳ монда шудааст.

 

Теъдоди муҳассилини донишгоҳ ҳоло то ба 20 ҳазор нафар мерасад, ки онҳо дар шакли рӯзона, фосилавӣ ва ғоибона таҳсил мекунанд. Зиёда аз бист фоизи донишҷӯёнро духтарон ташкил менамоянд. Имсол 148 нафар донишҷӯён аз тариқи квотаи президентӣ шомили донишгоҳ шуданд, ки аз ҷумлаи онҳо 96 нафар духтарон ва 52 нафар писарон мебошанд.

 

Солҳои охир бо кӯшиши садорати донишгоҳ, раёсати таҳсилот ва факултетҳою кафедраҳо иштироки донишҷӯён ба дарсҳо беҳтар гардида, то ба 98 фоиз расонида шуд. Бо мақсади баланд бардоштани сифати дарсҳо, зиёд намудани масъулияти дарсазхудкунии донишҷӯён дар ҳар нимсола як маротиба аттестатсия ва арзёбии сатҳи донишазхудкунии донишҷӯён гузаронида мешавад.

 

Барои таҳкими заминаи моддиву техникӣ, фаъолияти таълимӣ ва тахассусии устодон, сатҳи дониши муҳассилин ва дигар соҳаҳои фаъолияти факултетҳои донишгоҳ, коллеҷ ва гимназия ҳар сол аттестатсияи дохилидонишгоҳӣ гузаронида мешавад, то ки фаъолияти муътадили донишгоҳ дар тӯли амали иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин гардад.

 

Донишгоҳ баҳри дар амал татбиқ намудани барномаҳои компютеркунонӣ, такмили омӯзиши забонҳои русию англисӣ ва татбиқи забони давлатӣ нақшаи мушаххас мураттаб сохта, барои иҷрои бомуваффақияти бандҳои он саъю талош меварзад. Яке аз чунин масъалаҳои муҳимми фаъолияти донишгоҳ ба таври зарурӣ ба роҳ мондани таълими забонҳои хориҷӣ ва махсусан забони давлатӣ мебошад. Бо ин мақсад тамоми корҳои эҷодӣ, таълифоти илмию методии устодону шогирдон, машваратҳо, нишастҳо ва ғайраҳо танҳо бо забони давлатӣ амалӣ мешаванд. Ҳафтаномаи «Фурӯғ» ва маҷаллаи «Паёми Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» дар таҳкиму тарғиби забони давлатӣ саҳми босазое доранд. Амалишавии Қонун «Дар бораи забони давлатӣ» дар донишгоҳ имконият медиҳад, ки мавқеи он мустаҳкам гардад.

 

Донишгоҳ ҳоло дорои маркази имтиҳонгирии тестӣ буда, тамоми санҷишу имтиҳонотро донишҷӯён ба воситаи компютер месупоранд. Маркази интернетӣ, китобхонаи электронӣ ба шогирдон имконият медиҳанд, ки дониши ҳаматарафа гиранд. Илова бар ин, ҳамаи шуъбаҳо, деканатҳо ва кафедраҳо бо компютерҳои ҳозиразамон ва принтерҳо таъмин мебошанд.

 

Алоқаи донишгоҳ бо муассисаҳои илмии хориҷи кишвар ривоҷ ёфта истодааст. Алҳол донишгоҳ бо Донишгоҳи штати Монтанаи ИМА, бо донишгоҳҳо ва пажӯҳишгоҳҳои илмии Русия, Эрон, Ҳиндустон ва Белорус равобити илмӣ барқарор намудааст.

 

Фаъолияти илмии устодони донишгоҳ имрӯзҳо боиси таваҷҷуҳ аст. Олимони донишгоҳ дар 40 самт аз рӯи 65 мавзӯъ фаъолияти илмӣ бурда истодаанд. Алҳол дар донишгоҳ 21 нафар докторони илм, профессорон ва 130 нафар номзадҳои илм, дотсентон кор мекунанд.

 

Айни ҳол дар донишгоҳ ду нафар Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, 7 нафар Корманди шоистаи Тоҷикистон, 1 нафар барандаи ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, ду нафар барандаи ҷоизаи ҷавонон ба номи Исмоили Сомонӣ, 2 нафар барандаи ҷоизаи адабӣ ва илмии ба номи Ҷалолиддини Румӣ, 94 нафар барандаи ҷоизаи адабии ба номи Носири Хусрав, 82 нафар Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10 нафар Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7 нафар Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 12 нафар аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, як нафар узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон кору фаъолият доранд, 24 нафар устодони донишгоҳ бо мукофотҳои гуногуни давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд.   

 

Соли 2012 нахустин бор дар донишгоҳ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи магистратура ифтитоҳ ёфт. Ин имкон дод, донишҷӯёне, ки донишгоҳро бо баҳои хубу аъло хатм кардаанд, таҳсили худро дар ин зинаи мустақили таҳсилоти олии касбӣ идома дода, ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул шаванд.

 

Соли 2015 нахустин бор дар донишгоҳ қабул тариқи доктор (Phd) оғоз ёфт, ки ҳоло 44 нафарро аз рӯйи 23 ихтисос фаро гирифтааст. 

 

Солҳои охир дар донишгоҳ теъдоди нишастҳои илмӣ хеле зиёд гардида, сифати ташкили ин ҳамоишҳо низ хуб шудааст. Ҳар сол дар донишгоҳ 7-8 ҳамоиши илмӣ барпо мегардад, ки дар онҳо устодону шогирдон фаъолона ширкат меварзанд.

 

Теъдоди маҳфилҳои фаннӣ дар донишгоҳ зиёда аз 42 адад аст, ки ба он устодони дорои дараҷаи илмӣ ва соҳибтаҷриба сарварӣ мекунанд. Ин аст, ки иштироки донишҷӯёни донишгоҳ дар озмунҳои гуногун, аз ҷумла «Донишҷӯ ва пешрафти илму техника», «Ҷоми Академияи фанҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва олимпиадаҳои фанниву номӣ хеле фаъол мебошанд.

 

Соли гузашта Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар рейтинги байни мактабҳои олии ҷумҳурӣ ҷойи 13-умро ишғол намуд.

 

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ